ВАТАН ИН МОДАРИ МОСТ

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дўстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳамасола барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду мавсим – даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ ҷавонписарони далеру шуҷоъ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд.

Дар қатори даъватшавандагон нафароне, ки хизмати ҳарбиро бо амри дилу виҷдон қабул карда, худро ба сафи ихтиёриён пайвастаанд, бешумор аст. Сержанти Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Умаров аз қабили ҷавонписарони далеру шуҷост, ки тӯли ду сол дар хизмати Модар – Ватан буд. - Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 - уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизмат карданро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додам. Зеро эҳсоси ватандӯстиамро омӯзгори фанни омодагии дифои дабистони мазкур Валиҷон Ғиёсов бедор карда буданд.

 Ҳанӯз овони мактабхонӣ дар машғулиятҳои таълимӣ ҳамроҳи ҳамсинфон мили автомати чӯбинро сӯи ҳамдигар гузошта, «душманкушӣ» мекардем ва ҳамеша ман, аниқтараш гурӯҳе, ки роҳбаладиашро ба зимма доштам, дастболо мешуд. Зиёда аз он талқини ҳамешагии падарам Наимҷон Умаров, ки хизмати Ватан – Модарро ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба ҷо оварда буданд, маро дилбастаи пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мекард. Ин аст, ки аллакай ду соли хизмат паси сар шуду бо сари баланд ва рутбаи сержантӣ ба оила баргаштам, - иброз дошт Фирӯз Умаров.

 Боиси тазаккур аст, ки Фирӯз дар оилаи зиёӣ ба камол расида, аз шумори ҷавонписарони шуҷоест, ки баъди итмоми мактаби миёна хизмати ихтиёрии Ватан – Модарро пеша кардааст. Пеш аз сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ ӯ дар мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа таҳсил карда, ҳуҷҷати ронандагиро гирифт. Дар як вақт «ба як мард чил ҳунар кам аст» гуфта, ҳунари устои обу ташнобро омӯхт.

Моҳи октябри соли 2019 дар қатори садҳо сафарбаршудагон Фирӯз Умаров низ ба ҳимояи Ватан рафт. Ӯ ва дигар ҳамсафонашро дар қисми ҳарбии 13483 «Б» – и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Восеъ хуш пазируфтанд. Давоми ду соли хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳам ҷисман обутоб ёфту ҳам тавонист бо хушмуомилагиву шуҷоатмандӣ, серғайративу чусту чолокӣ байни наваскарон шинохта шавад.

- Аз рӯзҳои нахустин дарёфтам, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби бузурги мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстӣ будааст. Имрӯз бо боварӣ ва эҳтироми бузург гуфтаниам, ки ҳар як ҷавонмард ҳатман ин мактаби мардонагиро бояд гузарад. Қисми ҳарбие, ки дар он ҷо муддати ду сол будам, шароити хуби будубош ва хизматро доро буд. Шароитҳои замонавӣ ҳам дар утоқҳои таълимӣ, майдончаҳои машқ, хонаи хоб ва ҳам дар утоқҳои истироҳатӣ фароҳам буд. Ин мактаби бузурги мардонагиву шуҷоат моро бар иловаи обутоби ҷисмонии бадан ҳидоятгар бар ҷаҳони маънавиамон буд. Зеро ин муддат моро водор месозад, ки ба қадри зиндагӣ, падару модар, ёру пайвандон бирасем,-иброз дошт Фирӯз Умаров.

Бале, беҳуда Ватанро Модар нагуфтаанд. Чӣ хеле ки Модар барои ҳар як инсон азиз аст, ҳар пораи хоки Ватан низ барои ҳар як шахс бояд қимат дошта бошад. Ҳар як шахс Ватан дорад ва дар оғӯши он ба камол мерасад. Муҳофизати Ватан бошад, қарзи инсонии ҳар ҷавонмарди матинирода аст.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh