Чашми хоинон некиро намебинад

Солҳои 90-ум мо хурд будем, аммо аз суханони волидонамон мефаҳмидем, ки вазъияти мамлакат хеле ногувор аст. Аз байн рафтани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, соҳибистиқлол гаштани кишвар ва оғози нобасосониҳо дар маркази Ватани азизамон.

Ин ҳодисаҳоро кас ба ёд оварда, ба ҳайрат меояд, ки чӣ тавр мардум натарсида, барои нобуд сохтани Ватани худ даст мезанад. Дар он майдонҳо чандин нафарон фирефтаи суханҳои бардурӯғи зархаридони хориҷӣ шуда буданд.

Мардуми тоҷик дар он давра ҳам гумроҳи беандеша набуд, зеро мо ворисони ориёиёнем. Ҳар яке аз он номбаршудагоне, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” оварда шудааст, онҳо низ мардуми оддӣ буданд. Аммо дар дохили онҳо буданд шахсоне, ки барои мансаб,  молу мулк мардуми оддиро ба доми марг ҳавола медоданд.

Ҳоло мо фаромӯш накардаем, ки ҳамон майдонҳои ташкилкардаи онҳо ба чӣ оварда расонд. Тамоми аркони давлатиро фалаҷ карданд, он оташе, ки онҳо ангезааш доданд, зиёда аз 150 000 шаҳрвандони мамлакат ҷони худашонро бохтанд, 50 ҳазор кӯдак ятиму бекас монд, як миллион аҳолӣ гурезаи иҷборӣ шуд,  ҳазорон мардуми тоҷик дар ғарибӣ ҷон бохт.

 Дар тамоми давру замон мақсади нопок амалӣ намешавад. Зеро мардуме, ки тинати ифлосу нопок дорад, ба орзуҳои разилонаи худ ҳаргиз расида наметавонад

Мардуми шарифи тоҷикистон дар таърих то имрӯз ҳамчун тамаддунофар, сулҳофар, миллатпараст ном баровардааст.

Шамил Назарзода,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh