Амали нопоки наҳзатиёнро маҳкум мекунем!

Пас аз соҳибистиқлол шудан мардуми тоҷик ҷанги таҳмилиро паси сар ва бо мушкилиҳои зиёд дучор омада буд. Давраи пасоҷангии кишвар хело ҳассос паси сар шудаву иқтисодиёт баъд аз даҳ соли соҳибистиқлолӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Вале ин давра ба мардум сабақи хуберо омӯхтаасту ватандоре ҳаргиз ҳатто бӯи ҷангу муноқишаро дар кишвар дидан намехоҳад.

Магар ки ТТЭ ҲНИ, ки худро мухолифи ин давлат хондаанду гӯё хайрхоҳи ин ватан ҳастанду вале дар асл бо амалҳои иғвоангезона машғуланд. Мухолифини кишвари мо худро “ватандор” мегиранду дар хориҷи кишвар нишаста, бо барномаву даъвоҳои пучу беасос баромад менамоянд, мехоҳанд афкори мардумро заҳролуд намоянд Атрофи як тан фаъоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ овоз баланд мекунаду аз нобакориҳои гуруҳҳои ифротӣ сухан мекунад, борони маломат мерезанду нафаре, ки сухану барномаҳои бардурӯғи онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, таърифу тавсифе мекунанд. Ин ҳолатҳо атрофи баромадҳои муғризонаи Муҳаммадиқболи Садриддин хело бисёр мушоҳида мешавад. Бо ин амалашон, ки ҳадафи ягонаи таблиғотӣ дораду танҳо ба хотири роҳгум занонидани шаҳрвандони кишвар сабт мегардад, ин тоифа тасдиқ менамоянд, ки онҳо ҷонибдори муноқишаву вайронкорӣ ҳастанду халос. Азми меҳварии онҳо якест: халқро гумроҳ кардаву  нақшаҳои нопоки кашидаи хоҷагони хориҷии онҳо амалӣ гардад. Вале халқи тоҷик чун пештара нест, ҳаргиз фирефтаи онон нахоҳад шуд!

Халқи кишвар имрӯз ба ояндаи худ эътимоду боварии калон дораду танҳо ба сӯи ободиву осоиштагӣ роҳ мезанад.

Мо, халқи тоҷик ба ояндаи Тоҷикистон, ки дурахшон асту фардои зиндагии мардуми Тоҷик осудаву обод аст боварии комил дорем! Аз истиқлоли пойдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор дорем ва итминон дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз мегарданд.

М.ШАРИФЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh