Терроризм ва нашъамандӣ вабои аср

Яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонӣ ин терроризм ва нашъамандӣ мебошад, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Нерӯҳои ифротӣ ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб карда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин дониста мешавад. Экстремизм ва терроризм бо якдигар алоқаи зич дорад. Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини мубини Ислом сӯйиистифода намуда, даст бар ҷиноятҳои вазнин мезананд. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён меояд. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва паҷӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна ҷавонон ба ҳиллаи онҳо афтода кам нестанд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм боқӣ мемонад. Ин мушкилоти аср таҳдидҳои нав дар тамаддуни башарӣ буда, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто, тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Дар замони имрӯза баъзе волидон ба таълиму тарбияи фарзанд беэтибори зоҳир мекунанд. Пас фарзандони онҳо ба гуруҳҳои террористӣ шомил шуда, нашъаманд хоҳанд гашт. Нашъамандӣ ҳам мисли терроризму экстремизм масъалаи асосии замони мост. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонида, ҳастию ҷонро низ асос надониста, шахсияти худро поймол мегардонад. Имрӯз таълиму тарбияро тавре ба роҳ мондан даркор аст, ки ҷавонон барои бекориву зоеъ рафтани вақти  холӣ фурсат наёбанд. Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Бояд  дар байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд, ки ба ҳаргуна ваъдаҳои дурӯғ бовар накунанд. Ҳамаи мо дастаҷамъона ҳаракат кунем, то терроризм, экстремизм ва нашъамандӣ аз байн бурда шавад.  Мо, ҷавонон як чизро набояд фаромӯш кунем, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти мову шумост. Барои гулгулшукуфии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.                      

Муҳаммадшариф ҚУРБОНОВ,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh