ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Ҳаёти воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан воқеаҳои ҳафтаи аввали моҳи январи соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон рухдода бори дигар собит менамоянд, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри суботу пойдории сиёсӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ҳар фарди солимфикру соҳибақл бояд андеша намояду қазоват фармояд, ки иблисони фитнаангези хориҷӣ ҳамеша дар талоши ғасби нооромсозии вазъи кишварҳои гуногун мебошанд. Танҳо фарҳанги баланди сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, меҳанпарастиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ғурури миллӣ ва арзишҳои дигари ҷомеаи муттаҳид метавонад нақшаи дасисабозону иғвоангезонро барбод диҳад. Бинобар ин, аз ҳамаи қишрҳои солими мамлакат, хусусан ҷавонон даъват менамоям, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро доимо сармашқи фаъолияти худ намоянд. Ба фитнагарону дасисабозони ифротӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ муқовимати шадид нишон диҳанд. Чунин амалҳо заминаи суботу пойдории сиёсӣ, ҳаёти орому осуда ва пешрафту иқтисодии кишвар мегарданду дараҷаи некуаҳволии мардум боло меравад.

М.СОБИРОВ,
дотсенти кафедраи экология ва
ҳифзи табиати факултети геоэкология
ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh