Сафсатагӯиҳои ТТЭ ҲНИ

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ифротиёни ТТЭ ҲНИ ҳар гуна наворҳое, ки пур аз тӯҳмату буҳтон дар ҳаққи кишвари мо аст, мегузоранд. Шояд ин фаъолияти онҳо як навъи маблағкоркунӣ ва ё ҳисоботдиҳӣ ба хоҷагони худ бошад. Ин бинандаро водор мекунад,  як суолро пайваста ба худ диҳад: ин мардум ба ҷуз аз суханбозӣ ва ё туҳмат дигар кор надоранд магарҳ Худ дар хориҷи кишвар нишаста,  кулли раванди давлатдории моро баҳогузорӣ мекунанд. Ин ҳама чун оина ба ҳар як бинандаи солимфикр равшан асту аён!

Авроқи таърихро саҳфаҳое бисёранд, ки аз фарҳанги мардуми мо, ки яке аз кухантарин, ташаккулёфтатарин фарҳанг маҳсуб меёбаду дар асоси принсипи демократия пеш меравад, чунин, баҳогузориҳо ба пешравию тараққиёти кишвари соҳибистиқлол таъсир расонида наметавонад. Албатта, чунин амалҳо, ки аз ҷониби ин хоинони миллат гузаронида мешавад дар пайи худ ҳадафҳои муайян дорад ва ин ҳама бозӣ баҳри қонеъ кардани талаботҳои хоҷагони онҳо пешниҳод карда мешавад.

 Мушоҳидаҳои солҳои охир аёнанд, ки тамоюли гаравиши ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои ғайридавлатӣ рў ба коҳиш овардааст ва доираи муайяни шаҳрвандон, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои вазнину манфии ифротгароиву тундгароӣ маълумоти кофӣ пайдо намуданд ва ба хубӣ дарк намуда истодаанд, ки ин раванд ба ояндаи давлату миллат хатари ногуфтанӣ дорад. Аз сўҳбату мулоқотҳо бо ҷавонони фаъолу озодандеша имрўз ба хулосае омадан мумин аст, ки онҳо дар таҳлил, баррасӣ, омўзиш оид ба масъалаҳои сиёсӣ нигоҳи фарох доранд ва ақидаҳои солимро иброз медоранд. Ба хитобу итоб ҷавонони даврони соҳибистиқлол садо баланд мекунанд, ки “Моро давлати ободу халқи озод хуш аст. Мо месозему пеш меравем! Ҳар як баромаду пешниҳоду арзёбии хоинони ватанфурӯшро маҳкум менамоем!”. Ин аст ватандориву ҳуввияти миллӣ!

Барҳақ, дар ин замону марҳилаи хеле ҳассос мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавононро мебояд такя ба арзишҳои гаронбаҳои милливу имтиҳонҳои вазнини таърихӣ зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба арзёбиҳои беасоси хоинон ҷавоби қотеона диҳанд ва исбот намоянд, ки меросбарони фарҳанги хеле қадимию асиланд.

 М.ШАРИФЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh