Зуҳуротӣ номатлуб ва таъсири он ба ҷомеа

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ташфишовар буда, паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм диққати ҳамагонро ҷалб намудааст. Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад, зарур аст, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва ба воя расонидани кадрҳои баланд- ихтисос инчунин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватаншиносиву хештаншиносӣ вобастагии мустақим дорад.

Дар расонаҳои  интернетӣ мунтазам оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир маълумотҳои  мухтасар баррасӣ мегарданд аз ин рӯ мо бояд хулоса барорем, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, ба аксари мамолики тараққиёбанда, инчунин мамоликҳои кӯчак низ таъсири калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм, ки  дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма гирифта буд, бисёр ҳодисаҳои нохушро ба сари мардум овард.

Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои ифротї дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ расонданї мешаванд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳои террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм дар маҷмўъ ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

Бархе њодисаҳои рухдода бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули  зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки аксари аҳолии кишвари мо ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро парастиш мекунанд ва фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Қувваҳои  душман ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз дини мубини ислом истифода бурда истодаанд.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки  гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони , ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум заданашон мумкин аст.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст ва дар ин бобат мақоми ҷомеъаи шаҳрванди роли муҳимро мебозад. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бедор намоянд.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ҳамаи ин саъю кушишҳо барои он аст, ки сатҳи маърифатнокии ҷавонони мо баланд гардад, чунки  созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористи имрўз мекушанд, ки ҳар чи бештар ҷавононро ба доми худ кашанд. Аз ин рӯ, саводнокии ҷавонон,  зиракиву ҳушёрии онҳо, бохабар будан аз равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза бениҳоят зарур аст. 

Акмалова М.А.
-декани факултети сиёстшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқ
ии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh