АФКОРИ ЗАҲРОГИНИ БАДХОҲОН БА ҲАДАФ НАМЕРАСАД!

Чанде пеш дар яке аз минтақаи баландкўҳи кишвари сарсабзамон бесарусомонӣ ба вуқуъ пайвасту аз воқеоти солҳои навадум ба мардум хотиррасон намуд. Худ пас аз воқеоти анҷоми қарни бистум ва ба намоиш гузоштани силсила - филми “Хиёнат”, ки саропо бо факту далел омода гардидаву қаҳрамонҳои асосии филм ҳама аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд, кулли мардум аз мақсади асосии саркардагони ифротгароён бохабар гардидаву дар гирдиҳамоӣ низ мақсади нопок ва иғвоангезии ТТЭ ҲНИ ба пуррагӣ ошкор гардид. Яъне сенарияи воқеаҳои солҳои навадуми асри бист ва воқеоти рўйдода ҳама якранга буданашон аниқу равшан гашт. Як сарчашма ва як муаллиф доранд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, дар байни мардум нооромӣ ба амал оранд.

Ҳодисоте, ки солҳои охир дар миқёси ҷаҳон ба вуқуъ мепайванданд, моро ҳушдор месозанд, ки ба муаммои поксозии ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Гирдиҳамоии Бадахшон низ аз тарҳи носозгораш аён аст, ки гуруҳи ҷиноятпеша мехоҳанд, ба оромиву осудагии мардум халале эҷод намоянду баҳри ҷорӣ намудани амалҳои нопоки худ байни мардум иғво андозанд. Вале хушбахтона ақли солим ғалаба кардаву мардум баъди аз асли воқеа огоҳ гардидан пароканда гардиданду боз дубора боварӣ ҳосил намуданд, ки бозичаву фирефтаи иғвогарон гардиданд.

Мо бояд ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори заҳрогини бадхоҳони миллат нагардем ва ҳама якдилу якҷон барои сулҳу ваҳдат ва ободию пешрафти Ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.

Фарангисхон САТТОРОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh