Шукронаи мулки зебову обод намоем

Ҳаёти осудаву ором ва машғул будан ба касбу ҳунари дӯстдошта ба фарди солимақл шодиву фараҳ мебахшад. Зеро, бедор шудани шахс дар оғӯши табиати биҳиштосои Ватан, ҳис кардани меҳру муҳаббати бепоёни ҷомеа ба роҳбарияти олии кишвар, ифтихор аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва падидаҳои амсоли онҳо инсонро фарогири ҳиссиётҳои баланду рӯҳашро қавӣ мегардонад ва шукри даврон менамояд.

Агар нафаре ҳаёти имрӯзаи босуботро бо давраҳои солҳои 90-уми асри қаблӣ қиёс намояд, бешак, дарк менамояд, ки мақсаду мароми созандагиву бунёдкорӣ чӣ қадар боровар будааст. Ҳар фарди соҳибақл бояд дарёбад, ки мақсаду ҳадафи боғбон аз шинонидани дарахти мевадеҳ на таъмини манфиати хеш, балки хидмате  барои ояндаи умедбахши фарзандонаш мебошад.  Итминони комили фард аз суботи ҷомеа сарчашма мегираду ӯ бо эътимоди қавӣ қадам ниҳода, талоши зиндагии бороварро покдилонаю самимона ба пеш мебарад. Танҳо нафари ватандӯсту меҳанпараст, худогоҳу содиқи Ватан бархурдор аз ин неъматҳои моддиву маънавӣ асту муғризу бахилонро аз онҳо насибае нест. Аммо, баъзе палидони нобакору хоин сардории Кабирb ин воқеияти ҳаётро ҳатто дарк карда наметавонанду, макру фиреб, ҳилаю нағмагириҳояшонро ҳамоно идома медиҳанд. Пайваста бо суханҳои авомфиребона xавононро ба доми фиреби худ кашиданb мешаванд. Дастовардҳои ҷомеаи заҳматпешаи Тоҷикистонро дидаву дониста, ҳарфи ноҷоя мехонанд, ки нишонаи аёне аз ифрогароии онҳо мебошад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин афроди дилсиёҳи хоину ватанфурӯш гўй майдони бў[тонзанb шудааст. Мазҳабгумкардаву ватангадо ва мутеи фармонҳои хоҷагони дасисабоз шудаанду худ бехабаранд, ки то ба кадом андоза ҷоҳилу разил мебошанд. Доимо дар ҷустуҷӯи пайравони ҳамсони худ ҳарзаю бӯҳтон мебофанд ва баъзе афроди сустиродаро ба доми хеш кашиданӣ мешаванд. 

Таҳлили фаъолияти палидонаи ин тоифа касро ба ҳайрат меоварад. Наход дар ҷисми онҳо заррае ҳам одамгарӣ набошад?! Ақаллан, чашми ҳасаду бахили хеш лаҳзае бипӯшанду худ, ки кӯмаке карда наметавонанд, лоақал ба ҳаёти  осудаи ҷомеа халале ворид насозанд!? Хирси молу чиз ононро то ба дараҷае нобинову  бадкирдор кардааст, ки шармандаи ҷаҳониён буданашро дарк намекунаду фармонҳои фитнаангези хоҷагони хориҷиашонро бо ҷидду ҷаҳд иҷро менамоянд. Андеша надоранд, ки обу хоки Ватани  аҷдодӣ онҳоро задаасту ҳанӯз ҳам барои дасткашӣ аз амалҳои номардона дер нашудааст! Вале, наҳзатиёни шайтонсифат то ҳанӯз худро ҳақ мешуморанду ҳақиқати воқеиро дида наметавонад! Ҷомеаи заҳматқарину тамаддунсози Тоҷикистон бо якдилии самимона дар атрофи роҳбарияти олии кишвар сарҷамъ гардидаву ҳамеша барои пойдории сулҳу суботи Ватан садоқатмандона талош меварзанд. Овозҳои гӯшхароши чуғзҳои бадбӯи наҳзатиён фазои ободу осудаи кишвари биҳиштосоямонро ҳеҷ давру замон ноором нахоҳад сохт.

М.СОБИРОВ,
дотсенти кафедраи экология
ва ҳифзи табиати Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh