Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуб

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ  мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон рӯйдодҳои марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.  Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Террорист ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мегардад.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравона аст.

Алҳол бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Ононе, ки ноогоҳанд, аксаран фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки волидон, аҳли ҷомеа насли наврас, бахусус ҷавонон ро аз ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгаро огоҳ намоянд.

Чунон ки дар боло қайд карда шуд ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст.

Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати бунёдкоронаи давлатро ҷонибдорӣ мекунем.

Туразода Ҷ. А.
-дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh