БА МАҚСАДИ НОПОКИ ХЕШ НАМЕРАСАНД!

Барои миллати тоҷик охири асри бист чун дарси зиндагӣ ва имтиҳони мубориза барои ҳаёт боқӣ мемонад. Хосатан шиддатгириҳои қувваҳои мухолиф дар солҳои наваддум. Дар он лаҳзаҳои ноором, ки дар кишвар бо сабабҳои ғасби ҳокимият қувваҳои мухолиф талош мекарданду худро «дастгиру мададрасони халқ» меҳисобиданд баҳри ба мақсади нопоку ватанфурӯшонаи худ расидан ба гуфти роҳи идеологии хароб намудани мафкураи ҷавононро пеш гирифтанд.

Дар он замони ноором қариб буд, ки давлати тоҷикон аз байн равад. Аз тарафи мухолифин шахсони мӯътабар ва зиёиёни маорифпарвари миллати тоҷик ба қатл расонида шуданд. Онҳо мехостанд бо ин тарзи корбарии худ ба гуфте ба минталитети миллати тоҷик таъсир расонида, мафкураи наврасон ва ҷавононро вайрон намоянд. Ва қариб буд, ки ба мақсади худ расанд. Дар раванди иҷрои масъулияти кори онҳо Ҳизби таҳрир, ҲНИ ва ғайра онҳоро пайрав буданд. Аммо чун ҳадафи онҳо аз байн бурдани давлат ва ғасби ҳокимият буд бо талошҳои зиёд ҳам бошад ба мақсади нопоки худ нарасида истодаанд ва ҳам нахоҳанд расид. Мухолифин дар роҳи расидан ба мақсади худ мисли гург баҳри дохили рама шудан ба худ либоси гӯсфандро ба бар мекунад ва аз дини мубини Ислом пардапӯшона истифода бурда истодаанд. Аммо бояд фаромӯш насозанд ва донанд, ки ҷавонон ва ҳам наврасон дигар ба онҳо бовар надоранд ва мухолифин наметавонанд ҳисси ватандӯстонаи ҷавонони тоҷикро мағлуб намоянд.

Ҳамчун зиёии ватандӯсту меҳанпараст бар мухолифин муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки шумоён ба мақсади нопоки худ намерасед.

Раъно СОДИҚОВА,
омӯзгори МТМУ№21, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh