НОХАЛАФОНИ ИФРОТГАРО

Ин афроди нохалаф –ифротгароёни ТТЭ ҲНИ аз разилтарин инсонҳо ба шумор меравад, ки ба Ватан-Модари худ, ба миллат ва халқи худ хиёнат кардаасту карда истодааст. Имрӯз дар хориҷи кишвар қарор дораду Тоҷикистони азизу сулҳпарвари моро танқиду маломат мекунад.  Мо ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки демократия – ин қонеъ гардидани талаботҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар мебошад. Қолабҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давлатҳои Ғарб набояд асос ё ин ки критерия барои мо ба ҳисоб раванд. Хоҳиши шаҳрвандон амалӣ гардад – ҳамон демократия аст.

Барои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва  ҳаммаслаконашон муҳим нест, ки дар кишвари мо нооромӣ ба вуҷуд ояд. Муҳим он аст, ки супоришҳои хоҷагони хориҷиро амалӣ созанд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки оё чи амалро анҷом дода истодаанд?  Ҳаминро эълон медорем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш – хиёнаткор нисбати халқи Тоҷикистон мебошанд!!! Таърих гувоҳ аст, ки ин хиёнаткорон аз амалҳои кардаашон ба асосҳои конститутсионии Тоҷикистон чи қадар зарару таҳдид овардаанд.

Маҳз Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун мунофиқ барои нооромии кишвар кӯшиш намуда, худ ба назди хоҷагони хориҷиаш фирор намуд ва аз хориҷ амалиёти Абдуҳалим Назарзодаро маблағгузорӣ кард. Имрӯзҳо низ бо вуҷуди аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти терористӣ-экстремистӣ эътироф гардидани наҳзат Кабирӣ аз нияту нақшаҳои нопоки худ даст накашидааст.

Кабирӣ мисли мунофиқ – яъне душмани пинҳонии дохилӣ амал карда, худро ба мардуми тоҷик дӯсту ошно вонамуд карда, ба ин марзу буми Ватан хиёнат кард.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури ин ашхос барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш бахусус ҷавонон ҳамчун ояндагони миллат аз ин мунофиқон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Бобоев А.Х.
– мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh