Дини мубини Ислом ба ягон мубаллиғи ифротӣ эҳтиёҷе надорад

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ иттилоот нақши муҳим мебозад.  Ҷанги иттилоотӣ метавонад ҷамоаҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар гирад. Ҷанги иттилоотӣ доимӣ буда он на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ давом меёбад.

Вобаста ба ин, имрӯзҳо хоинони миллат аз он ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамфикрони ӯ аз хориҷи кишвар қарор дошта, бо мақсади паҳн намудани ғояву ақидаҳои иғвоангезонаи худ ва бо мақсади расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда истодаанд.

Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоки М.Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ хуб бохабар буда, намегузоранд, ки хоинони миллат бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фазои иттилоотии кишварро вайрон намоянд. Дар вақтҳои охир фаъол гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар самти мубориза бо хоинони миллат аз он гувоҳӣ медиҳад.

Вале, М.Садриддин то ҳоло аз мақсадҳои нопок ва ғаразнокии худ даст накашида, акнун мехоҳанд боз ба шакли пешинааш фаъолият намуда, дар хориҷи кишвар бо ташкилотҳое, ки мубаллиғони ифротиро омода менамояд ҳамкорӣ менамояд, то аз онҳо кӯмаки молиявӣ гиранд.

Мутаассифона дар замони мо нафароне, ҳастанд, ки аз сустиродагии баъзе мардумон истифода намуда, ба фирефта намудани онҳо ва ба ҷалб намудан ба гуруҳҳои ифротӣ даст мезананд.

М.Садриддин, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ба кишвари мо бӯҳтон мезанад, бо ин амалаш бори дигар хоин ва душмани асосии мардуми тоҷик буданашро исбот мекунад. Мақсади номбурда ва пайравони ӯ тариқи чунин барномаҳо ноором кардани кишвари мо мебошад.

Мо сокинон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз фаъолияти чунин шабакаҳои ҷосусӣ огоҳ бошем, то ки наздиконамон ба доми ин мубаллиғон наафтанд. Нагузорем, ки наздиконамон ҳаргиз ба ин гуна гурӯҳҳои террористӣ  ҳамроҳ гарданд.

Мо ҳамавақт дар сари худ як фикр, ин ҳам бошад фикри ободии Ватанро дошта бошем. Ҳар нафаре, ки зидди Тоҷикистон сухан меронад бояд фирефтаи онҳо нагашта, бо ақли солим фикр намоем, ки мо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагонӣ дорем. Мо бояд фикр кунем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сад дар сад ҳамаи шаҳрвандон шабро дар хонаи шахсии худ бо шиками сер саҳар мекунанд, на дар кӯчаву дигар ҷойҳо бо шиками гуруснаву сарсонӣ, сад дар сад бехатарӣ таъмин буда, агар лозим ояд шабро бе қулф кардани хонаи дарамонро саҳар мекунем.

 Нагузорем, ки хоинони миллат ба монанди М.Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ ба мақсадҳои нопоки худ расанд ва Ватани азизамонро  ба нооромӣ кашанд.

Ахмедов Ш.Ш.
– мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh