Иғвои навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин

Дар давраи ҷаҳонишавӣ ҳар як нафаре метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ, аз он ҷумла Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон, ки барои хоинӣ ва анҷом додани фаъолияти террористӣ аз Тоҷикистон гуреза гашта, дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ гирифтаанд, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мардуми кишварамон, бахусус ҷавононро ба гумроҳӣ андозанд.

Вақтҳои охир дасисабозиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки тариқи шабакаи иҷтимоӣ анҷом медиҳад, гувоҳӣ он мебошад, ки ӯ дар ҳақиқат фурӯхтаи хоҷагони худ гашта, хостгори  нооромӣ дар кишвари мо мебошад.

Хоинони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд бо суханҳои бардурӯғ ва беасос байни  мардум иғвоангезӣ намоянд, ба тафаккури мардҷум таъсир расонанд.

Зеро ба Кабирӣ, М. Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо танҳо нооромии кишвари мо лозим аст, инро хоҷагони онҳо хостор мебошанд. Онҳо дигар ягон мақсад надоранд.

Айни замон, ки тамоми дунёро беморӣ фаро гирифтаасту, ҳамагон аз паси раҳоӣ ёфтан аз ин вабои аср мебошанд, ин ноинсофҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд мардумро бо суханҳои бардурӯғ ба гумроҳӣ баранд.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо, ки тамоми дунёро аз як тараф беморӣ ва аз тарафи дигар ҷангҳои иттилоотӣ фаро гирифтааст бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми истифода бурдан бояд ҳушёр бошем, ба суханҳои ин гуна хоинон бовар накунем.

Дар Ватани азизамон, ки имрӯзҳо новобаста аз буҳрони ҷаҳонӣ вазъият тинҷу ором ва сериву пурӣ мебошад, бояд инро нигоҳ дорем. Аз тамоми имкониятҳо истифода барем ва якдилу муттаҳид гашта, танҳо дар фикри ободии Ватан, нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар он бошем.

Латипов С. –
 ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh