ТТЭ ҲНИ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ

Солҳои охир тамоми ҷомеаи ҷаҳониро авҷ гирифтани зуҳуротҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Экстремизм ҷинояте мебошанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, амнияти ҳар кишвар равона карда шудааст. Ҷинояти мазкур хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад.

Ҷиноятҳое, ки аз ҷониби  роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ, ки бо истифода аз номи ислом ба боварии мардум даромада, бо дастгирии ҳаммаслакони хориҷии худ таи солҳои охир бо мақсади халалдор сохтани амнияти  кишвар нақшаи мукаммал тарҳрезӣ намудаанд, ба ягон қолаб намеғунҷанд.

Бо дарки хавфнокии баланд доштани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ ТТЭ ҲНИ-ро бо далелҳо ва асосҳои кофӣ экстремистӣ ва террористӣ эътироф намуд.

Имрӯз тамоми шаҳрвандон амалҳои хоинонаи ин гурӯҳҳоро маҳкум менамоянд ва изҳори таассуф мекунанд, ки бо истифода аз номи ислом ба чунин амалҳои нангини нобахшиданӣ ин гуруҳи ҷиноятпеша даст задаанд ва чанд нафар шахсони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум сохтанд.

Қобилов Б.Қ. – 
муовини декан оид ба корҳои тарбияи
факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh