Оқибатҳои бетарафӣ ба миллаткушӣ оварда мерасонад

Моҳҳои охир вазъияти  Афғонистон яке аз мавзӯъҳои марказии тамоми рӯзномаҳои ахбори даврӣ шуда истодааст. Дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон оиди вазъияти ба вуқӯъ омадаи кишвари ба мо дуст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Афғонистон вокуниш нишон медиҳанд.

Мутаассифона, аксарияти ҷаҳониён  дарк намекунанд, ки толибон  дар муддати бист сол ба мутахассисони ҳарбии  дараҷаи олӣ табдил гардиданд. Дар ин давра ба толибон муяссар гардид, ки истодагарӣ намуда, баъд аз артиши иттилоф Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар як мудати кутоҳ бо тамоми лавозимоти ҷагие, ки дар он ҷо гузошта шуда буд ба даст оварданд. Ҷангҷӯён тактика ва стратегияи худро  сайқал  дода метавонанд, ки дар оянда ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид намоянд.

Бар зидди ин ҳаракати ҷангҷуй Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони Афғонистон бархеста муқовимат нишон дода истодааст. Ӯ зарур мешуморад, ки бар зидди Толибон ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дастаҷамъона муттаҳид гардида мубориза намоянд.

Ӯ таъкид намуд, ки байни Амрикову Толибон созишномае мавҷуд надорад ва  тасмим гирифта буд, ки  панҷуми сентябр ба таври расмӣ оғози кори ҷунбиши сиёсии худро дар Панҷшер (зодгоҳи хонаводагии худ) дар шимоли Кобул эълом кунад.

Баъд аз оғози муқовимат Аҳмад Масъуд баён намуд, ки бар зиди онҳо тайёраҳои бе сарнишини кишвари ҳамсояи, яъне Покистон ҳамла овард. Лекин муборизаи Панҷшериён идома дорад ва имрӯзҳо онҳо ҷараёни партизаниро пеша кардаанд.

Мардуми Тоҷикистон аз вазъияти дар Афғонистон шудаистода ҳама дар ташвишанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронии худро нисбати масъалаи мазкур садҳо нафар баён намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоянд, ки ба ҷабҳаи муқовимати Афғонистон алайҳи Толибон эътирози худро баён намуда, чораҳои ҷидди андешанд.

Тоҷикистон ҳама гуна беқонунӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.

Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоем, ки  нисбати қазияи Афғонистон, алалхусус Панҷшер бетараф набошад, зеро ки дар сурати бетарафӣ геносиди миллати тоҷик ва  дигар халқиятҳо оварда мерасонад.

М.САЙФУЛОЕВА,
дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh