Умед ба ояндаи дурахшон

Боиси хушнуди ва ифтихор аст, ки вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар кишвари биҳиштосои мо баргузор гардид. Пазироии меҳмонон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва урфу одати меҳмоннавозии тоҷикона сурат гирифт. Махсусан пазироии меҳмонони олиқадр Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раиси ва Сарвазири Ҷумҳурии Покистон Имрон Хондар дар сатҳи баланди расмӣ анҷом ёфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муаммои доғи рӯз, ки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор, ки дар маркази таваҷҷуҳи Тоҷикистон қарор дорад баррасӣ гардиданд. Пешвои мо аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ намуда, аз давлати ҳамсоя даъват ба он намуданд, ки “ Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд”. Инчунин даъват бар он намуданд, ки баргузории музокирот байни тоҷикон ва толибон дар шаҳри Душанбе мусоидат карда шавад.

Умед бар он мебандем, ки ҳамаи низоъҳои баамаломада роҳи ҳалли худро меёбанд ва мардуми Афғонистон низ чун дигар мардуми ҷаҳон дар фазои ободу осоишта умр ба сар мебаранд.

Зеро, ки мегӯянд:

Аз ноумедиҳо басо умед аст,

Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Биоишаи Назар

Add comment


Security code
Refresh