Бетарафӣ нашояд!

Дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба тинҷиву оромӣ ва чунин пешрафт ношукрӣ намуда, зидди миллат, давлат ва Ватани худ мубориза мебаранд ва барои ноором сохтани вазъ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Яке аз чунин нафарони ношукр ва ватанфурӯш М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯст, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор гирифта, бо паҳн намудани мавод мехоҳанд мардуми моро дубора фиреб диҳанд ва боз нооромӣ ва бетартибиро дар Тоҷикистон оғоз намуда, бо воситаи он табаддулоти давлатӣ ба ҳокимият соҳиб шаванд. Яъне онҳо мақсади бо роҳи ғайриконститутсионӣ соҳиб шудан ба ҳокимиятро доранд. Ин ҳолат аз ҳамаи мо талаб менамояд, ки бетараф набошем ва то тавонем бар зидди ин хоинони миллат, ки кӯшиши танҷиву оромии моро вайрон намудан доранд, мубориза барем.

Имрӯз масъалае боиси ташвиши на танҳо мардуми кишвари мо, балки аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин вазъи сиёсии вобаста ба бархӯрдҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе кишварҳо, аз он ҷумла дар Афғонистон мебошад. Дар навбати худ, ин гуна ҳодиса ва рӯйдодҳои ногуворе, ки аз ҷониби террористон бо шиорҳои мардумфиребӣ, ҳимоя аз дини мубини Ислом, аммо дар асл бо қатли мардуми бегуноҳ анҷом дода шуда, мо тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем, моро бори дигар огоҳ ва ҳушдор месозад, ки дар ин масъала назари ҷиддӣ дошта бошем.

Аллакай аз воситаҳои ахбори умум хабар дорем, ки дар кишварҳои хориҷ, аз ҷумла, дар давлати Афғонистон ҳаракати Толибон торафт мавқеи худро мустаҳкам намуда истодаанд, ки ин албатта, барои Тоҷикистон ҳам таъсири худро мерасонад. Дар сурате, ки тарконидани масҷиду ибодатгоҳҳо новобаста ба дину мазҳаб, қатлу куштори роҳгузарон ба ягон меъёри ахлоқи башарӣ аз ҷумла, фармудаи шариати Ислом рост намеояд. Тавре гуфта шуд, имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони Ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои миёни давлатҳои Исломӣ ба авзои сиёсӣ ва муносибатҳои миёни давлатҳо, аз ҷумла, кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад буд.

Дар чунин вазъият бадхоҳони миллат аз хориҷа истода бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишварамонро халалдор сохта, тақдири халқро ҳал намояд, аз ин рӯ, тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба ҳукуматдорон ва мардуми мо таҳдид мекунанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Умуман, чунин гурӯҳҳо талош доранд, бо воситаи таблиғоту ташвиқот мардуми ноогоҳро ба доми фиреб андохта, муқобили Ватану миллати худ барангезанд.

Мақсаду мароми мо дар он зуҳур меёбад, ки хатои давлатҳои исломии ҷангзадаро такрор накунем, ба иғво дода нашуда, дар ҳимояи Ватани азизамон ҳама чун як тан пойдор бошем. Бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум нигаронида шудааст.

О.АБДУЛЛОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh