ҲАДАФИ МО: ҲАМЗИСТӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя бар усули сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо  робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохта, минбаъд онҳоро таъмиқу таҳким бахшид. Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Эҷоди фазои эътимод ва амният дар атрофи марзҳои кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ин сиёсат аст.

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро таҷлил намуда истодааст. Дар ин муддати кутоҳ аз нигоҳи миқёсҳои таърихӣ  ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд — СҲШ/Созмон) таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи ҳоло амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин зикр шудааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар  Созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».

Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд  муассир бошанд.

Фаъолияти СҲШ на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ, ки ин хеле муҳим аст, мутамарказ шудааст. Дар доираи Созмон нақшаҳои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул карда шуданд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба гардиши озоди молҳо, хидматҳо ва технологияҳо байни ҳамаи давлатҳои узв мебошад.

Фаъолияти бистсолаи СҲШ тасдиқ мекунад, ки ин созмон заминаи арзанда ва бонуфуз барои муҳокима ва ҳаллу фасли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Бинобар ин, Тоҷикистон дар фаъолияти он, аз ҷумла дар Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратӣ ва  иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ хеле фаъолона ширкат меварзад, дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва дар соҳаҳои дигар ҳамкорӣ мекунад.

Дар тӯли солҳои мавҷудияти СҲШ Гурӯҳи тамоси СҲШ - Афғонистон таъсис дода шуд, ки дар доираи он «харитаи роҳ» барои амалҳои минбаъдаи Созмони мо дар самти Афғонистон таҳия ва қабул карда шуданд. Ҳамаи ин барои кӯмак расонидан ба Афғонистон - ҳамсояи ҷанубии мо дар ташаккули давлати устувор ва амн, орӣ аз терроризму ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир ва зистан дар фазои сулҳ бо ҳамсоягонаш равона шудаанд.

Мазмуни асосии принсипҳои фаъолияти Созмон шаффофият, эътимод, баробарӣ, ҳамсоягии нек, манфиати мутақобила, машваратҳои тарафайн, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, талош барои эҷод ва рушди муштарак мебошад. Ин принсипҳо дар ҳақиқат дар ташаккули ҳамкории байни кишварҳои аъзои СҲШ ҳамчун модели нави ҳамкории минтақавӣ — бо ҳадафи ниҳоии расидан ба ҳамоҳангӣ ва шукуфоии умумӣ муҳим ҳисобида мешаванд.

Аз ин рӯ, бояд хулоса кард, ки Тоҷикистон аллакай ба як маркази муҳими қабули қарорҳои созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ мубаддал гаштааст ва инро тамоми иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқӣ хуб дарк мекунанд.

Эгамназаров Ҳ.Ҳ.
мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh