Тоҷикистон хоҳони ҳалли қазияи Афғонистон

Мусаллам аст, ки тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо, дар муддати беш аз як моҳи гузашта дар Афғонистон вазъияти боз ҳам мураккабу ҳалокатбор бинобар ба сари қудрат омадани толибон ба туфайли фитнаи давлати хориҷӣ, инчунин хиёнати собиқ президенти кишвар – Ашраф Ғанӣ ва афсарони паштуни Артиши миллии Афғонистон ба миён омад. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвар омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар Афғонистон буд ва мемонад. Ба ин манзур, Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Зеро сулҳу субот дар Афғонистон ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он — оромӣ ва суботи тамоми минтақа аст. Дар ин раванд, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад. Ин аст, ки роҳбарияти олии кишвар чӣ дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва чӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меоранд, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Таърих собит менамояд, ки ҳалли низоъ дар Афғонистон бо роҳҳои низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, майдони музокирот ва муколамаи байниафғонӣ барои ҳалли ихтилофҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон фароҳам оварда шавад. Афғонистон кишвари сермиллат аст, бинобар ин манфиатҳои ҳамаи миллату халқиятҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Гурӯҳҳои низомӣ – сиёсӣ бояд ба ҳизбҳои сиёсӣ табдил дода шаванд, то як низоми сиёсии устувор ва муътадил таъсис ёбад.

Мавқеи Тоҷикистон бар он асл асос меёбад, ки расидан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо бо иштироки васеи афғонҳо имконпазир аст ва дар музокироти байниафғонӣ, пеш аз ҳама, бояд таъмини риояи баробари манфиатҳои қавму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиву сиёсии кишвар ба назар гирифта шавад. Танҳо бо дарназардошти манфиатҳои онҳо сулҳу субот дар Афғонистон метавон таъмин гардад. Инро таҷрибаи истиқрори сулҳ дар кишвари мо исбот кардааст.

Пешвои миллати тоҷикон аз бетафовутии ниҳодҳои байналмилалӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон изҳори тааҷҷуб намуда, қайд карданд, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд, ки ин ҳолат боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.

Мушкилоти Афғонистон ба ҷое расидааст, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи онро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон бо роҳи музокирот мебошад. Ба ин манзур Ҳукумати Тоҷикистон пайваста аз ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват ба амал меорад, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллати сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешида бошанд.

 Салимова М.М.
дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh