Ҳамкории манфиатбор

Имрӯз Эрон яке аз кишваре, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳояшро бо он пураҳамият ва арзишманд меҳисобад. Сиёсатшиносон равобити Тоҷикистону Эронро «шарикии табиии стратегӣ» таъбир кардаанд, ки ин ҳақиқатан дуруст аст.

Дар ин росто, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Эронро амри табиӣ донистани худ як фоли нек оид ба ҳамкориҳоро дар соҳаи амният маҳсуб медонем. Зеро вазъи имрӯзаи манотиқи Осиёи Миёна ва ҷаҳон хеле ҳассос асту ин ҳамкориҳо баҳри бартарафкунии вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор, ки дар маркази таваҷҷуҳи тамоми давлатҳои ҳамсоя ва тоҷикони дунёст, роҳнамое хоҳанд гашт.

Кишвари мо омодагии худро барои мусоидат ба ин раванд таъкид намуд. Дар ҳақиқат мо, тоҷикон, ки худ аз асилзодагони фарҳангу тамаддун ва сулҳпарвару ваҳдатсаро ҳастем, бар тақдири ҳамсоядавлат бетараф нестем ва хоҳони ҳарчи зудтар ором гардидани давлати ҳамҷаворему пойдории сулҳро дар он кишвар интизорем. Зеро, нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад.

Мо, тоҷикон, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ “мазза”-и ҷангро чашидаему бесарусомониҳои пасоҷангии вазъи кишвар ба солҳои дароз оқибатҳои фоҷиабореро оварда буд, вазъу шароити кулли шаҳрвандони афғонро ба хубӣ эҳсос дорему ҳамдард ҳастем.

Агар давлатҳои манотиқи ҳамҷавору ҳамфарҳангу ҳамзабон як бишаванду ҳамкориҳои судманди ҳамдигарро қабул намуда, баҳри ободиву осоиштагии мардуми ҷангзадаи афғон кӯмаке бинамоянд, шояд, ки ин халқу давлат ҳам ба оромӣ бирасад...

М.ШАРИФЗОДА

Add comment


Security code
Refresh