Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати «стандартҳои дугона» нест

Имрӯз вазъият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно ноором боқӣ мемонад, ки воқеан нигаронкунанда аст. Мавқеи Душанбе вобаста ба қазияи ин давлат бетағйир боқӣ мемонад.

Аммо, мутаассифона, имрӯз бархе аз кишварҳои минтақаю ҷаҳон хоҳиши расман эътироф кардани ҳукумати гуруҳи террористии «Толибон»-ро дар кишвари ҳамҷавори Афғонистон доранд. Албатта, мусаллам аст, ки чунин сиёсати ин давлатҳо пеш аз ҳама аз манфиатҳои иқтисодиашон ва бозиҳои геополитикиашон бармеояд. Вале, онҳо солҳои қаблӣ гуруҳи «Толибон»-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ медонистанд ва ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи шадид бар зидди онҳо даъват мекарданд. Имрӯз бошад, онҳо нишон дода истодаанд, ки барояшон аслан бо кӣ ва чӣ гуна ҳамкорӣ кардан муҳим нест, муҳим манфиатҳои иқтисодӣ будааст. Сиёсати ин гуна давлатҳоро сиёсати «стандартҳои дугона» меноманд, ки вобаста аз вазъият доимо тағйир меёбад. Онҳо вобаста аз манфиатҳояшон гуруҳҳои террористӣ ва экстремистиро ба «хуб» ва «бад» тақсим мекунанд, ки албатта нодуруст аст.

Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон мавқеи худро вобаста ба қазияи Афғонистон устувор нигоҳ медорад, зеро он аз манфиатҳои милливу давлатӣ бармеояд. Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати имрӯзаи Афғонистонро расман эътироф накардааст ва баръакс пуштибонӣ аз ҷабҳаи муқовимати миллии ин кишвар дорад.

Дар саммити охирини Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе баргузор гардид, мавқеи расмии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи Афғонистон боз равшантар гардид. Роҳбарияти давлати мо, бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон (48%-и аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд) ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Ҳамзамон таъкид карданд, ки барои ҳарчӣ тезтар аз байн бурдани низоъ дар Панҷшер оташбас эълон карда шавад ва роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа кушода шаванд.

Камолиддини Раҷабзод

Add comment


Security code
Refresh