Пистаи бемағз чун лаб во кунад, расво шавад

Ҳодисаҳое, ки дар кишвари ба мо ҳамсоя – Афғонистон рух доданд, ба сари қудрат омадани толибон имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро бетараф нагузоштааст. Зеро қазияи Афғонистон ва рӯйдодҳое, ки таи чанд сол дар ин кишвари ҷангзада идома дорад, ба авзои ҷаҳони имрӯза, хусусан Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин рӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун андешаҳои худро баён менамоянд. Дар ин радиф собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ҳоло роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, ҳаммаслакону думравони ӯ Алим Шерзамон, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара басуханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезӣ,“каромоту ” фолбинӣ машғуланд.

Кабирӣ дар яке аз сӯҳбатҳои нахустини худ баъд аз ба сари қудрат омадани толибон дар бораи авзои Афғонистон чанд андешаҳои бепояю подарҳаво ва муғризона баён намуда, толибонро ба осмони ҳафтум баровард. Ӯ аз ҷумла, қайд намуд, ки толибони имрӯза аз толибони солҳои 1996 -2000-ум куллан фарқ доранд. Гӯё фоҷиаи асосии толибони собиқа ин ба фасод даст задани онҳо буд. Толибони имрӯза гӯё ҳама фариштаву авлиё, мавлавиву бегуноҳанд ва аз фасод дуранд. Кабирӣ худ иқрор шуд, ки сабаби нокомии ҳизби террористӣ, хоин, миллатфурӯш, динфурӯш, мазҳабфурӯш ва ватанфурӯши наҳзатиён низ фасод, ҳирси молу сарват ва дигар зуҳуроти ғайриинсонии сарварону хоҷагони онҳо буд. Ӯ иқрор гардид, ки шахсан худаш низ ба ҷамъ кардани маблағ, сохтани қасру манзилҳои бошукӯҳ, бозору бӯстонсарой, ба даст овардани мошинҳои хориҷӣ машғул шуда, оқибат расвои радди маърака гардид.

Ба суханронӣ, андешаҳои муғлақу подарҳаво, пучу бемантиқи шогирди ӯ Муҳаммадиқболи беиқбол мурғони ҳаво ҳам мегирянд. Ин “алломаи” тиҳимағз, манқурт, ки гирифтори бемории руҳӣ, ақлонӣ аст, дар дар навор мисли як шахси девонаавзоъ, асабонӣ сӯҳбат мекунад. Ӯ маҷол ва ҷасорати шунидани савол ва сӯҳбати онҳое, ки мухолифи ҳарзагӯиҳояш мебошанд, надорад.

Ба оқои Кабирӣ суоле дорем, ки оё ӯ аз ба симо ва навор роҳ додани чунин шогирдони мутлақо бесаводаш шарм намедорад? Бо чунин тоифаи раҳгумзадагону бебасарон даъвои қудрат кардан, магар девонагӣ ва шармандагӣ нест? Муҳаммадиқбол худро донандаи шариати ислом ҳисобида, дар ҳар лаҳза калимаи “иншоллоҳ”-ро ба забон меорад ва худ бехабар аст, ки гуфтаҳояш ҳама пучу бемоя ва холӣ аз мантиқу мазмун аст. Забони сӯҳбати ӯ на тоҷикӣ, на форсӣ, на дарӣ, балкияк лаҳну лаҳҷаи дурушт ва гӯшхарош мебошад. Боиси таассуф аст, ки ба ин тиҳимағзу савдозада баъзе шогирдону пайравони гумроҳаш бо суханони “устод”, “ҳазрат”, “эшон”, “ака” муроҷиат мекунанд, ҳоло, ки ин “устод”-и мактабнодида худрову пайравонашро шармандуву шармсор менамояд ва сатҳу андозаи “дониш”, “ақлу хирад” ва “фаросаташон”-ро ифшо месозад.

Толибоне, ки наҳзатиён ва паймоншиканони паймонаки Кабирӣ гоҳ таърифу гоҳ танқид мекунанд, симои аслии худро каму беш нишон дода истодаанд. Ҳамон Аҳмади порина, ки гирифтори ҷаҳолат, хурофот, ифротгароӣ буда, аз ҷаҳли мураккаб раҳоӣ надоранд. Танҳо як далеле, ки то ҳанӯз ҳукумати худро таъсис дода наметавонанд, кифоя аст, бигӯем, ки ин тоифа чи рақам мардум аст, дар ғами чист. Онҳо байни худ ба як созиш, иттифоқ омада наметавонанд, барои курсӣ, мансаб, қудрат омода ҳастанд гулӯи якдигарро мисли дарранда дарронанд.

Бечораи Кабирӣ ва сағераҳои сарсону саргардони ӯ дар оғоз дар симои толибон пушту паноҳ ва ҳаммаслакони худро дида, табли шодиву сурур заданд, аммо гумонашон ботил ва тирашон хок хӯрд. Кабирӣ ва пайравону думравони ӯ бори дигар собит сохтанд, ки онҳо ҳамеша хиёнатгарони Ватан, миллати тоҷик мебошанд ва омода ҳастанд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои палидонаи худ бо ҳар тоифа мардум, ҳатто бо шайтон низ ҳамкору ҳаммаслак ва ҳамтабақ бошанд. Кабирӣ, ки ба панду ҳикмат, ҳушдор додани дигарон хеле одат кардааст, хуб мешуд, ки аз сарнавишти имрӯзаи мардуми Афғонистон хулосаҳои дуруст барорад ва ба хотири нақшаҳои ифлосу палидонааш ба мардуми тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат назанад ва аз иғвогариву ихтилофангезии худ, неши заҳрнок задан шарм дорад, гарчанде мо мутмаин ҳастем, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин рафтору кирдори разилонааш даст намекашад.

Шавкат Шарифов, 
Иброҳим Ҷабборов
омӯзгорони ДДХ

Add comment


Security code
Refresh