Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш – хиёнаткор нисбати халқи Тоҷикистон

Ин афроди нохалаф (М. Кабирӣ) аз разилтарин инсонҳо ба шумор меравад, ки ба Ватан-Модари худ, ба миллат ва халқи худ хиёнат кардаасту карда истодааст. Имрўз дар хориҷи кишвар қарор дораду Тоҷикистони азизу сулҳпарвари моро танқиду маломат мекунад. Гўё ки ҳаёти сиёсии мо ба талаботҳои демократӣ ҷавобгў намебошад. Баъзан давлати моро аз ҷиҳати сохти демократӣ бо давлатҳои хориҷӣ муқоисаҳо мекунад. Мо ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки демократия – ин қонеъ гардидани талаботҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар мебошад. Қолабҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давлатҳои Ғарб набояд асос ё ин ки критерия барои мо ба ҳисоб раванд. Хоҳиши шаҳрвандон амалӣ гардад – ҳамон демократия аст.

Барои аъзоёни собиқ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Мақсадҳои ғаразноки худро, ки хоҷагони хориҷӣ супориш додаанд, амалӣ созанд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Ҳаминро эълон медорем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш – хиёнаткор нисбати халқи Тоҷикистон мебошанд!!! Таърих гувоҳ аст, ки ин хиёнаткорон аз амалҳои кардаашон ба асосҳои конститутсионии Тоҷикиситон чи қадар зарару таҳдид овардаанд.

Оид ба дастовардҳое, ки Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон ноил гаштааст, агар иброз намоем 30 сол муҳлат зарур аст. Ҳамасола мо ба комёбиҳои бузург ноил гашта истодаем. Ин ба худи мардуми шарифи Тоҷикистон аён аст – ҳоҷат ба баён нест. Ҳадафҳои стратегии давлатамон ба пуррагӣ амалӣ шуданд. Мо бояд шукронаи ин Ватан ва шукронаи ҳаёти осоишта намоем.

 Бобоев А.Х.
– мудири 
кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh