НЕРУИ ҶАВОНОНРО БА РАВАНДИ СОЗАНДАГӢ РАВОНА НАМОЕМ

Имрӯз бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ, ки ифротиёни ТТЭ ҲНИ онро баҳри фиреби ҷавонон истифода мебаранд, иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд.

Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти орому осоиштаи худро барбод менамоянд ва волидону наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Барои пеши роҳи ин кирдорҳои ношоистаро гирифтан моро зарур аст, ки корҳои тарғиботӣ‐ташвиқотиро боз ҳам густариш дода, ҷиҳати муқовимат ба ақидаҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти хатарноки замони муосир тадбирҳои иловагӣ андешида, неруи ҷавононро ба равандҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳарчӣ бештар ҷалб намоем.

Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Мо бояд гузаштаи давлатсозии навинамонро пеши назар орем. Чун ин давраро дар хотироти хеш варақ мезанем, бори дигар ба ёд меояд, ки дар ибтидо давлати соҳибистиқлоли тоҷик вазъи ногуворе дошт ва имрӯз як кишвари рӯ ба рушд ва соҳибэътибор дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз Истиқлолияти давлати хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.

Г.УСМОНОВА,
мудири бахши умумии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен

Add comment


Security code
Refresh