Лофу ҳарзагӯӣ аз нотавонбиниҳои хиёнатпешагон

Чанде пеш аз ҷониби сардори Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ва яке аз пайравони ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин ба тариқи мустақим аз шабакаҳои интернетӣ баромад доштанд.

Дар он роҳбари ташкилоти иғвоангези ПМТ масъалаҳои муҳими кору фаъолияти минбаъдаи иғвогаронаи ташкилотҳои экстремистиву ифротии худро чун “паёмак” баён дошт. Қайд кард, ки гӯё ӯ барномаи нави худро пешниҳод карда истодаасту барои минбаъда низоми идоракунии давлат он кӯмак хоҳад кард. Вале ӯ аз он бехабат аст, ки чунин андешаҳои иғвогароёна ва барномаи таҳрезинамудаи ӯ ба ҳеҷ кас дар кор нест. Ҳамзамон давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба чунин барномаҳои пучи бемаъне ва холӣ аз мақсаду даб-дабаҳост.

Дуюмин баромади Муҳаммадиқболи Садриддин доир ба “Барои мардуми вилояти Панҷшери Афғонистон кӯмак лозим меояд”, “Мо ҳаммилатони худро пуштибонӣ бояд кунем”, “Мағрурию бӯҳтон ва таъмаъкорӣ набояд кард” амсоли мавзӯҳои меҳварии ӯ маҳсуб меёфтанд. Ӯ худро ҳамчун шахсияти покизаву беолоиш дар назди давлату миллат баён намуда, даъват бар он мекард, ки аз манфиатҳои бегонагон дур бошем, миллатамонро ҳифзу ҳимоят намоем. Вале маълум аст, ки худ ӯ хиёнаткори ватану давлат ва миллат буда, чунин манфиатхоҳ мебуд, дар дохили мамлакат истиқомат мекарду аз манфиати давлату миллат ҳимоят мекард.

Ба ҷои он ба халқу кишвари хеш дасти ёрӣ дароз намоянд, дасти барҷмонадгон ва ниёзмандонро бардоранд, барои оромиву осудагии мамлакат чора андешан беҳрат мегардид.

Маҳкамов С., ДДХ

Add comment


Security code
Refresh