Ватанхоҳӣ ба кирдор аст…

Аз азал то имрӯз муҳаббат ба ватан, модар ва арзишҳои миллӣ ҳамеша дар ниҳоди инсон аз хурдӣ аз оила, кӯдакистону мактаб сар мешавад. Дӯст доштани Ватан-Модар ин доштани имон аст. Имони комил инсонро аз хатар муҳофизат мекунаду ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят месозад. Сабақҳои таърихӣ исбот сохтаанд, ки фазое, ки метавонад инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят созад, фазои маънавиёт аст. Агар сарвари давлат ба ҷавононаш муроҷиат сохта, ватанатонро дӯст доред ва онро ҳимоя намоед гӯяд, беҳтар аст ва инсони ҳақиқӣ будани он касро собит месозад. Аммо шумоён Кабирӣ ва ҲНИ ҷавононро гумроҳ сохта, дар чорсӯи зиндагӣ сарсон месозед.

Шумоён ахмақони давр Кабирӣ ва ҳизби наҳзатбор гумон доред бо ин фачу лачи худ ҷавонони бонангу ори тоҷикро бероҳа месозед. Ҳаргиз на!!!

Тоҷикон дар 30 соли истиқлол ба чунин дастовардҳое ноил гардиданд, ки шумоён ҲНИ аз дур дида натавониста, ҳамеша бо лофу газофатон мехоҳед мардуми тоҷикро дар арсаи дунё сияҳ созед. Шумо аслан барои доштани номи тоҷик лоиқ нестед.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар ҳамаи самтҳои ҷомеа бурдборона пеш мераванд, сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби шумоён, ки танҳо барои ғарази шахсии худатон асту соҳиби ҷоҳу ҷалол ва мансаб шуданиед, нахоҳанд афтод.

Гузашт он замоне ки шумо мардумро гӯл зада, ба доми бало афканда будед. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ рӯзҳои хунини солҳои 90-умро фаромӯш намесозанд. Таърих ҳеҷ гоҳ шумо барин ноҷавонмардонро, ки барои Ватан ягон хишт ҳам нагузоштаасту танҳо бадӣ хоҳон аст, намебахшад.

Наҳзатиҳо барои ба мақсад расидан аз терроризм истифода мекунанд, ки хатари онҳоро ба истифодаи аслиҳаи  ядроӣ, биологӣ ва кимиёвӣ метавон муқоиса кард.

Маълум аст, ки  ҳазорҳо шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, Онҳоро наҳзатиҳо яке аз ҷанбаъҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон интихоб мекунанд ва маблағҳои зиёдро сарф мекунанд.

Бо ҳар роҳ онҳоро ба сафи ташкилотҳои ифротӣ аъзо менамоянд. Чунин аъзоҳо,  на танҳо аз илму фарҳанг, балки аз донишҳои оддии динӣ тасаввуроти аниқе надоранд.   Махсусан қайд намудан ҷоиз аст, ки ба ин гуна ташкилотҳо бисёртар ҷавонон пайравӣ мекунанд. 

Умед аст, ки ҳар як шаҳрванди тоҷик ба қадри тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдат мерасад.

Раҳматова Д.А.
-дотсенти кафедраи забони тоҷик
и ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh