ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

Дар ҷомеаи инсонӣ нафарони камшумореро дучор меоем, ки хиёнатро дидаву дониста пеша кардаанд. Чунин афроди ландаҳур зоҳиран одамӣ бошанд, ҳам ботинан виҷдону имон ба шайтон фурӯхтаанду бешармӣ, беҳаёӣ, риёкорӣ, ҳамҷинсгароӣ, палидӣ, манфурӣ, муғризӣ ва дигар сифатҳои Иблисро соҳиб шудаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанию Шарофиддин Гадоев ва ҳамсафони онҳо бо роҳбарии шайтонбачаи мазҳабфурӯш Муҳиддин Кабирӣ арзишҳою хулқи миллӣ дар Аврупо гум кардаанду чун узви ҷамоаи ЛГБТ амалҳои ношоистаро иҷро ва ғояҳои ифротиро паҳн менамоянд. Бар замми кирдорҳои қабеҳу иғвогарию дасисабозиҳои солҳои 90-уми қарни ХХ-ум содиркардаашон алҳол чун “файласуфон”-и палид бо дастури хоҷагони аблаҳашон ба мағзшӯии ҷавонон машғуланд. Кару гунг ва нобино ҳастанд, ки тағйироти кулли маънавиёт ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмида наметавонанд?! Ҳол он, ки давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари маҳбубамон асари ҷанги шаҳрвандиро куллан бартараф намуда мамлакатро аз харобазори сартосари иқтисодӣ ба ҷомеаи ободу ором, бунёдгари ҳазорон корхонаҳои хурду калон, иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ мубаддал гардид.

Танҳо муғризу палид касифу аблаҳ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро нодида мегирад, ки эҳтимолан сабабаш дар анини ахлоқию маънавӣ будани Кабирию ҳаммаслаконаш бошад!? Ин нафарон агар қадре ҷавонмардӣ медоштанд, андеша мекарданд, ки хоки Ватан онҳоро дар оғӯшаш парварида ва насазад онро бо маблағи хоҷагони хориҷии иблиссифат бадал кард. Қадри намаку намакдон надонанд, намакзадаю расво, сарсону саргардон, овораи ҳарду олам хоҳанд шуд! Аммо, бо сабаби бефаҳмию беақлӣ нафарони наҳзатӣ ин воқеиятро дарк карда натавонанд ва ҳам онҳоро ихтиёр дар дасти хоҷагони маблағгузорашон асту онон амсоли лӯхтаки сохта тӯтивор матни тайёр қироат мекунанд!

Эҳтимол меравад, ки рӯзе мерасаду дар маросими дафни Муҳиддин Кабирӣ ҳаммаслакони чоплусаш хоҳиши иштирок накунанд. Зеро ӯ дигар барои хоҷагони хориҷӣ нафъовар несту ҷойи “равғанин”-и ӯро бо талошҳо мебояд ишғол намуд?! Дигараш, як хоини ватангадо фавтидааст, ки сазояш мутобиқи ҳикмати халқии “хас каму ҷаҳон пок” аст, андешаи ҳаммаслакони думрав эҳтимол чунин бошад?

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Дадобоев М.А. -сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh