Бадгуфтории беандешагон

Хабардорӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаҳои иттилоотӣ ҳушдор медиҳад, ки дар ҷомеаи кунунии кишвар теъдоди соддалавҳони беандеша, олудаи ғояҳои ифротӣ аз ҷумлаи ҷавонон то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳодисаҳои давраҳои охир, ки боиси ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар мамлакати ҳамҷаворамон – Афғонистони мусибатёфта ҷабҳаҳои нави ҷомеаи мутамаддини моро ошкор намуд.

Гарчанде, ки дар кишвар ҷомеаи солимфикру суботандеша аксариятро ташкил медиҳанд, аммо баъзе заррачаҳои лойолуд оби мусаффои сулҳу суботи кишварро тира сохтанӣ ҳастанд. Бадбахтии ононро дар пайравӣ ба бофтаҳою фиреби муғризони наҳзатӣ мушоҳида карда мехостем, ки ин тоифаи ҷавонон аввал андеша кунанду баъд гуфтор. Зеро, барои аксарияти аҳли олам, ҳатто мутаффакирону олимон асли ғояҳою амалҳои ҳаракати “Толибон” ноаёну нофаҳмост. Дар ин замина мебояд аввал омӯхта бошем, ки “Толибон” чӣ тавр зуҳур ёфтаву сарчашмаи маблағгузориаш чист ва интизор шавем, ки чӣ амале дар давлатдорӣ анҷом медиҳанду оқибат чӣ мешавад?!

Бо ақли солиму идрок, ҳушёриву зиракӣ таҳлилу дарк намоем, ки аз чӣ сабаб аз рӯзи таъсисёбӣ то ҳанӯз ҳаракати “Толибон” – ро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи аксарияти мамолики ҷаҳон, ҳатто Иёлоти Муттаҳиди Амрикову Россия ва Чин онро мамнӯъ эълон кардаанд? Вагарна, дар чорроҳаи пурпечутоби зиндагӣ гумроҳ шудан хеле осон аст. Ҳайрон мешавам, ки мақомотҳои масъул аз ғояву амалҳои ифротгароёнаи “Толибон” бархурдор шудаву фаъолияташро мамнӯъ донанд, пас зумрае аз ҷавонони таҷрибаи кофии ҳаёт надошта чӣ тавр “Толибон” – ро ҷонибдорӣ мекунанд? Бо кадом асос? Ё худ фирефтаи ҳарзаҳои Муҳиддин Кабирию думравони чоплуси он шудаанд? Наход “хизматҳо” – и палидони наҳзатиро фаромӯш кардаанд? Намедонанду наметарсанд, ки арвоҳи қурбониҳои бегуноҳи солҳои 90-уми асри қаблӣ онҳоро мезананд? Охир, оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз фиребхӯриҳои ҷавонони соддадил ба доми макри наҳзатиён марбут асту далелҳои сершумори таърихӣ онро собит месозанд? Ё худ, дар даврони орому осудаи Истиқлолияти давлатӣ ба камол расидаву бехабар аз он воқеаҳои мудҳиш ҳастанд? Мусибати ятимиву бепарасторӣ, нодориву нооромӣ накашидаву аҳволи гурезагони иҷборӣ надидаанд?!

Ҷавонони соҳибдаврони тоҷик! Аҷдодони тамаддунофари мо ҳикмате овардаанд, ки “аввал андешаву баъд гуфтор”. Аз якояки шумо даъват меоварам, ки ҳушёру зирак бошед, фирефтаи суханҳои бофтаю беасоси душманони Ватан дар муборизаи иттилотӣ нашавед. Вагарна, бо бадгуфторию беандешагӣ ба насабу авлоди гузаштагону фарзандони хеш доғи сиёҳи ношустанӣ меоваред! Худдорӣ ва андеша намоеду фарди бо нангу номус ва сарбаланди ҷомеа ва фахри волидайни хеш бошед!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи 
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh