Ангур ангурро дида ранг медавонад

Дар оғози қарни ХХ1 инсон бо ҳодисаи номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризми байналмилалӣ номида мешавад. Боиси тазаккур аст, ки амалҳои даҳшатноки терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд. Баръакс, онҳо аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд. Фитнагарону ҷаҳонхоҳон гурӯҳеро бо номи “Давлати исломӣ” ташкил ва барои анҷом додани ниятҳои муғризона ва инсонбадбинонаи худ ҷавонони кишварҳои гуногун (асосан мусулмонҳо)-ро ба доми худ кашиданд. Иддае аз ҷавонони тоҷик, бинобар надоштани дониши казоӣ гирифтори тарғиботу дасисаҳои экстремистӣ гардидаанд. Ва ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандонаш, ки асосан мусулмонанд, тамоми шароитро муҳайё кардааст.

Дар кишвар барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Ин неруи бузурги созанда ҳамчунин бояд сипари боэътимоди Тоҷикистони шукуфони мо аз ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бошад.

Мувофиқи маълумот, соли 2017 дар вилояти Суғд якчанд гурӯҳи экстремистӣ-динӣ аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир шуданд. Чунончи, дар шаҳри Панҷакент гурӯҳе ошкор гардид, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият дошта, як гурӯҳ ҷавононро барои ҷанг ба давлати Сурия равон карда буданд.

Барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то мардумро аз роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, огоҳ кунем ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиро дар сатҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа сари вақт ҳал намоем.

Шарипова М.
дотсенти ДДХ

Add comment


Security code
Refresh