Роҳпаймоии идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

9 сентябри соли 2021 дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он беш аз 20 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди иштирокчиёни роҳпаймоӣ суханронӣ намуда, тамоми сокинони вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик карданд.

Таъкид карда шуд,  ки дар тўли 30 соли Истиқлол, сокинони мамлакат, аз ҷумла мардуми вилояти Суғд бо дастовардҳои куллӣ муваффақ гардиданд ва вилоят симою тарҳи тозаеро ба худ гирифт. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят садҳо корхонаҳои нави саноатӣ, ҳазорҳо километр роҳ, иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шуда, сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар карда шуд. Танҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 7 ҳазор иншооти ҷашнӣ бунёду азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Бунёдкориҳо минбаъд низ идома ёфта, мардум зери раҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гулгулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол   талош меварзанд.

Боиси зикр аст, ки дар роҳпаймоии умумихалқӣ намояндагони касбу кори гуногун,  аз ҷумла устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, ҷавонону варзишгарон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ,  саноат, алоқаву нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сайёҳӣ, ташкилотҳои молиявӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, занону ҳунармандон, воситаҳои ахбори омма, ҷамъияти матлуботу савдо ва ғайраҳо бо намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh