ТЕРРОРИСТ ҲЕҶ ВАҚТ СОҲИБВАТАН НАХОҲАД БУД

Ҷаҳони имрӯзаи моро мушкилот ва ихтилофоту зиддиятҳои зиёд фаро гирифтааст. Яке аз ин мушкилот, ки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш меорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб, ки ҳоло ҷаҳонӣ гаштааст, амнияти тамоми сокинони сайёраро зери суол мебарад.

Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористонро маҳкум мекунад ва яке аз давлатҳое маҳсуб мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ дар садри мубориза бо терроризму экстремизм ҷой дорад. Шиддатгирии терроризму экстремизм тариқи яроқи оташфишон ва интернет ба роҳ монда шуда, гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз он васеъ истифода мебаранд. Танҳо нафари раҳгумзадаеро дар башарият мемонад, ки аз ҷоҳиливу нодонӣ ва бесаводӣ ба ин роҳ рафтааст. Инсоният аз ҷангу хунрезӣ, даҳшатафканиву пароканда кардани инсонҳои дигар ҳеҷ вақт нуфузу эътибор пайдо накардааст. Таърих низ гувоҳ аст, ки ҳамеша сулҳҷӯён ғалаба ба даст меоранд, на ҷангҷӯён. Агар саҳифаи таърихро варақ занем, дар ягон ҷо рӯ ба рӯ намешавем, ки террористон худро террорист муаррифӣ кардаанд. Онҳо барои ҳақ баровардани амалҳову гуфторҳои худ тамоми далелҳо, аз он ҷумла, андешаҳои сиёсию хуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоиро пешниҳод мекунанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва, ҳатто, амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ин гуна ашхос, мутаассифона, байни ҷомеаи Тоҷикистон низ пайдо шуда, ҳоло дар кишварҳои хориҷа ба амалҳои ношоиста даст мезананд. Ин боиси нигаронии аҳли ҷомеаи кишвар гаштааст. Ин гуна шахсони раҳгумзада ба нуфуз ва эътибори давлату миллат латма ворид месозанд.

Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки давлати ҳамсояи мо Афғонистон аз даҳшатафканиву хунрезиҳои гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи «Толибон» нотинҷ аст. Дар ин амалҳои террористӣ беш аз пеш ба сокинони осоиштаи маҳаллӣ бештар зарар расида, сокинони бегуноҳ бераҳмона кушта шуданд. Ҳатто онҳо барои таъмини амнияти худу фарзандон ба Ватани азизи мо – Тоҷикистони тинҷу ором ва биҳишти рӯи замин паноҳ оварданд. Ин мисоли амалҳои чанд рӯзи пеш амалинамудаи террористон мебошад. Раҳму шафқат дар дили ин нафарон боқӣ намондааст, ки онҳо ҳатто мактабҳоро метарконанд. Маконе, ки кӯдакони бегуноҳ дар он қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Бо вуҷуди хатари терроризм ба кулли сайёра Ватани азизи мо тинҷу ором аст ва борҳо аз лиҳози таъмини амнияти сокинон ҳамчун кишвари боэътимод муаррифӣ гардидааст.

Амина ҚАЮМОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh