ТОҶИКИСТОН АСТУ ИСТИҚЛОЛ АЗ МО ЁДГОР!

Субҳи 22‐юми июли соли 2021 дар таърихи сисолаи даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон воқеаи бузургу дар асл бунёдӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар бо иштироки ҳайати шахсии Қувваҳои Вазорати мудофиа, қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ баҳри баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмонии ин ниҳодҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ таҳти унвони «Марз‐2021» машқҳои тактикӣ‐стратегӣ гузаронида шуд. Дар ин масир дар ҳудудҳои Минтақаҳои мудофиавии рақамҳои алоҳидаи кишвар қувваҳои ҷисмонии захиравӣ низ ҷалб карда шуданд.

Ҷараёни баргузории машқҳои тактикӣ, низомӣ ва иштироки техникаҳои ҳарбию ҳавоӣ, заминиву нақлиётҳои гуногуни мансубияти ҳарбӣ, сафоровию гузашти низомии ҳайатҳои шахсии афсарону аскарон, хизматчиёни ҳарбии кишвари соҳибистиқлоламон, неруи тавоно ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро ба таври равшану густурда ва воқеиву ҳақиқат намоиш доданд. Ин воқеият ва ҳақиқати асл ҳеҷ ҷои шакку шубҳа набуд, ки ман тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дидам, ба зеҳну шуурам тарҳрезӣ намудам. Ва ба хаёлам солҳои хизматам дар сафи ин ниҳоди пурқудрат боз падид омад.

Қисми аввали машқи тактикии «Марз‐2021», ки аз субҳи рӯзи саодатмандиву нишони нерумандӣ ва ҳавои дилкашу осмони ороми кишвари маҳбубамон сарчашма гирифт, он силсилабандии натиҷаи машқу садоқат ба савганди ҳарбӣ ва содиқона хизмат намудан ба Ватану халқи заҳматпешаи Тоҷикистон буд, маро ҳамчун як шаҳрванди ҳамин хоку диёр басо ифтихорманд, уҳдадор ва вазифадор сохт, ки боз ҳам бештару беҳтар хизмат намоям. Ва аз ҳама ифтихордорӣ аз он буд, ки суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар як барномаи таърихӣ, миллӣ ва раҳнамои ҳаёту рӯзгори соҳибистиқлолият ба худ маъно пазируфтам.

Хеле рӯҳбаландкунанда буданд ин суханони муҳтарам Президентамон: «Таърихи сисолаи соҳибистиқлолии Ватанамон возеҳан собит намуд, ки мо – тоҷикон мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар ҳастем, ки шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90‐уми асри гузашта раҳоӣ ёфтем».

Неруи тавонои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари маҳбубамон ин такягоҳу сипари Ватани ободу озоди мост, ки ҳаёту рӯзгори осудаи моро таъмин мекунад, нигоҳ медорад ва мо, мардум, ин хизмати шоистаи фарзандони шуҷову диловари худро шоиста бидонем, қадр кунем ва эҳтиром оварем. Ва мо дар ин самт боз ба хотири таъмин намудани рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар ва ободонии сарзаминамон аҳлона заҳмат бикашем, то санаи тақдирсози таърихӣ – ҷашни миллиро сазовор истиқбол бигирем. Хуб гуфтааст шоире: «Тоҷикистон асту Истиқлол аз мо ёдгор!».

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

капитани мустаъфӣ,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh