Созмони бесомон ва афроди бепаймон

Дар низоми навини ҷаҳонӣ яке аз ҷараёнҳои пуриқтидори сиёсӣ – ифротгароии сиёсӣ мақоми махсус пайдо намудааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ифротгароӣ яке аз проблемаҳои номатлуби ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ифротгароӣ бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авомфиребонаю ҷоҳталабона сурат мегирад. Мехоҳанд, ки дар байни мардум нооромиҳоро ба вуҷуд оранд.

Ҳанӯз дар охирҳои садаи гузашта ва аввалҳои қарни 21 ҲНИ яке аз аҳзоби сиёсии кишвар буд, ки арзишҳои волои милливу давлатиро ба хотири манофеи гурӯҳии худ ва асосан, барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ куллан сарфи назар карда, бо тафриқаангезӣ ҷомеаи моро пароканда намуд ва хатари аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли миллиро ба миён овард. Феълан низ ин созмони бесомон бо роҳбарии афроди бепаймон бо таҳрики сарпарастони хориҷии худ саъйу талош дорад, ки ба хотири манфиатҳои гурӯҳии хеш манофеи миллиро дар хавфу хатар гузорад.

Маълум аст, ки ҳадафи тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ба даст овардани ҳокимият аст, аммо ҳизбҳои сиёсӣ ва роҳбарияту аъзои он ҳамчун ифодагар ва ҳомии манофеи қишрҳои муайяни ҷомеа дар мавриди ворид шудан ба майдони муборизаи сиёсӣ набояд ба даст овардани ҳокимиятро ҳамчун ҳадафи асосиву ниҳоӣ ва олитарини худ дониста, аз ҳадафҳову арзишҳои умумиҷамъиятӣ ва умумимиллӣ сарфи назар кунанд ва онҳоро зери хатар гузоранд. Ба арзишҳои бунёдии миллату давлат, хоса амну суботи ҷамъият, истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими он бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа ва махсусан пешвоёни аҳзоби сиёсӣ ва пайравони онҳо эҳтироми содиқона дошта бошанд. Дарки моҳияти ин масъала ба сатҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва садоқати роҳбарияти ҳизбҳои сиёсиву аъзои он нисбат ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад.

ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба гумроҳӣ хоҳанд кашид. Оё ҳамин аст Ватану ватандорӣ?! Оё ҳамин аст мардиву мардонагӣ?! Оё ҳамин аст хидмат ва эҳтиром ба волидайну пайванди хеш?! Намояндагони ин гурӯҳу дигар гурӯҳҳои носозгору бесару сомон бояд ба эътибор гиранд ва хуб донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон бедор аст ва аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳанд рафт. Касоне, ки имрӯз хоҳ дар дохили Ватан ва хоҳ берун аз он ба хоки поки Ватани маҳбуб - Тоҷикистон заррае бошад ҳам хиёнат мекунанд, ба чашми кӯдакони наврустаи ин миллати куҳанбунёд хок мепошанд, сабаби гиряҳои ҷонсӯзи модарон мегарданд ва дар осмони мусаффои ин диёр тирагӣ меоранд, ба чашми аҳли олам хор ва дар назди Офаридгор зор хоҳанд гашт!!!

Меҳроби Ватан

Add comment


Security code
Refresh