Терроризм ва экстремизм-вабои аср

Масъалае, ки имрўз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

«Терроризм» аз калимаи лотинии «terror» сарчашма гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсади худро бо роҳи куштор, тарсу ваҳм, зўроварӣ амалӣ намоянд.

«Экстремизм»-аз калимаи франсузии «extremism» ва  лотинии  «extremus» гирифта шуда, маънои аслияш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Бо таъсири интернету шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гурўҳҳои манфиатҷў афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурўғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва падару модару хешовандони худро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳо ва шартномаҳоеро, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналхалқӣ манъ месозанд, эътироф намуда, ба имзо расонидааст. Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ 16 ноябри соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул кардааст. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки терроризм ва экстремизм оқибати бади марговар дошта, қасдии нобудии миллатҳо ва ғулом гардонидани мардумро дорад.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақоми давлатист» Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур  сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошанд, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва гурўҳҳои ташаккулёфтаи сиёсию мазҳабие буданд, ки мехостанд ба воситаи тарсонидану даҳшатангезӣ мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ҳамаи давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани шумораи зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Мубориза бурдан бар зидди терроризм ин яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, функсияи худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия  ва судӣ амалӣ менамояд.

Коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

Дар оянда онҳо ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи худро равона созанд.

Раҳмонова М.Ғ. 
сармутахассиси БИМСТ-и ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh