АЛАЙҲИ КИРДОРҲОИ НОМАТЛУБ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ!

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тад‐қиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Ҳаракатҳо тундрав ва иртиҷоӣ вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намудан мехоҳанд, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор рӯ намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав барои ба даст овардани аҳдофи худ ба раванди осоиштаи ташаккули кишварҳо халал ворид месозанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетараф намебошад. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо Ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои террористӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам ба номи худу авлод доғ меоранд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи Истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

М.МУСЛИМОВ,
ноҳияи Ҷаббор Расулов

Add comment


Security code
Refresh