ХАТАРИ ҶИДДӢ БА СУБОТИ БАШАРИЯТ

Дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома меёбад, яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза экстремизм мебошад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири калони манфӣ мерасонад. Дар осори илмии олимони соҳа қайд карда мешавад, ки экстремизм ин шакли инкори радикалии меъёрҳо ва қоидаҳои ҷамъиятии дар давлат мавҷудбуда аз тарафи шахсони алоҳида ё гурӯҳҳо маҳсуб мегардад. Вай бо амалҳои зиддиҳуқуқӣ зоҳир шуда, барои ҳар фарди ҷомеа хатарнок буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро вайрон карда, ҳаёти ҷамъиятиро номӯътадил мегардонад.

Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми фаъолияти экстремистӣ‐террористӣ дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” аз 25‐уми июли соли 2002 ифодаи худро ёфтааст. Дар қонуни мазкур, аз ҷумла омадааст, ки экстремизм аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ зоҳир намудани чунин шакли амалҳои ниҳоӣ мебошад, ки ба вайронкунии тартибот, афрӯхтани оташи низоъҳои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд.

Воқеан ҳам экстремизм маънои побастагӣ ба афкор ва чораҳои ғайриқонунӣ дошта, майли инсонро ба роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва миллӣ бо восита ва усулҳои дар ҷамъият ғайри қобили қабулро нишон медиҳад. Дар баробари он, экстремизм ҷараёни калонро дар доираи ҷараёнҳои муосири идеологӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ‐сиёсӣ нишон медиҳад, ки онҳо кӯшиш доранд, ба раванди рушду такомули давлату ҷамъият халал ворид созанд.

Бояд гуфт, ки ба экстремизм якчанд хусусиятҳои умумӣ хос мебошад, аз қабили зӯроварӣ ва таҳдиди мусаллаҳонаи он, якпаҳлӯгӣ дар қабули муаммоҳои ҷамъиятӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли онҳо, кӯшиши нишон додани принсипҳои худ ба рақибон, бе чуну чаро иҷро кардани ҳамаи фармонҳои хоҷагони хориҷӣ такя на ба тафаккур, балки ба ҳиссиёт ва хурофот, созиш карда натавонистан ва ғайраҳо.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ бардошта мудом хоҳони сулҳу оромӣ ва ваҳдату дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон алайҳи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон мебарад.

Солҳои охир таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ, ҷунбишҳои динӣ, гурӯҳҳои ифротиву тундрав бо фарогири ҳар гуна ғояҳои иртиҷоӣ хеле зиёд ба назар мерасанд, ки ҷаҳонро ба такон овардаанд.

Воқеан ҳам ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният ба бор овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир мебошад.

Бояд зикр кард, ки дар раванду таҳаввулоти замони муосир қишри такомулдиҳанда ва созандаи ҷомеа ҷавонон нақши бориз доранд. Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаву бунёдкори ҷомеа маҳсуб мегарданд. Асоси пешравӣ ва рушди босуботи ҳар кишвару давлат ба ҷавонони бомаърифату фарҳангдӯст, донишманду илмомӯз ва дорои завқи баланди зеҳнӣ сахт марбут аст.

Дар ин росто мо‐ҷавононро зарур аст, бо дониши муосир, аз худ кардани техникаву технология, бо донишҳои сиёсиву динӣ фарогир шуда, дар гирди ғояи миллӣ муттаҳиду якдил гардида, бо ору номусу нанги миллӣ ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо намоем.

Меҳрбону БАЙЗОЕВА,
донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh