ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Терроризм ва экстремизм аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст.

Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гашта метавонад. Таъсири манфии амалҳои экстремистию террористӣ, аз ҷумла таъсиррасонӣ ба шуури шахс ва ҷамъият боис мешавад, ки дар натиҷа ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳои замонавиро аз худ карда наметавонанд, аз ихтирооту навгониҳо бебаҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат бетаъсир нест.

Қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавиро коҳиш медиҳанд, баъдан таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Аз ин лиҳоз имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале имконпазир аст. Қадами аввал дар ин роҳ ҳарчи бештар босаводу маърифатнок гардидани ҷавонон мебошад. Имрӯз бояд шукргузор шуд, ки чунин давлати тинҷу осуда дорем. Ҷавононро лозим аст, қабл аз даст задан ба ҳар коре аввал ояндаи онро пурра дарк намуда, сипас роҳи худро интихоб намоянд. Баъзан хоҷагони палиди хориҷӣ ҷои заъфи ҷавононро бо ҳар гуна роҳ омӯхта, онҳоро зери фармони худ гирифтан мехоҳанд. Бояд он хоҷагони хориҷа, ки барои манфиати худ бародарони моро истифода мебаранд донанд, ки миллати тоҷик он мардуми 30 сол қаблӣ нест. Ин давлат имрӯз метавонад, ҳаргуна неруҳои касифро шикаст диҳад. Ин давлати кучаки ҷавонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати тараннумгари сулҳу субот мешиносанд.

Дар ҳар давру замон ҳар миллат аз ҷавонони худ умед мекунад, ки ободгару созанда ва бунёдкори давлату Ватан ба камол расанд. Пас, ҳар яки мо, ҷавононро месазад, ки такя ба бузургон карда, суханони онҳоро сармашқи кори худ намуда, ватанамонро ободу осуда ва шукуфон намоем.

Хар яки мо, ҷавонон бо роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳо байни ҷавонон дар пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа ҳиссагузор бошем. Эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳама гуна сӯиистифода аз ҷониби неруҳои манфиатдор аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Шаҳбол НУРМАТОВ,
донишҷӯи факултети забонҳои хориҷии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh