ТТЭ ҲНИ ҲЕҶ ГОҲ БА ҲАДАФИ ХУД НАХОҲАД РАСИД!

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, қудратхоҳ мебошанд ва ҳеҷ гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунанд, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

ТТЭ ҲНИ низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал карда намешавад. Дар тўли таърих бо роҳи ҷанг ҳеҷ гоҳ ягон мушкилӣ ҳал нагардидааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ аст.

Барои сарварони ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ТТЭ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ТТЭ ҲНИ пеш аз ҳама, ҳамчун омили вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафия, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони ин ҳизби мамнуи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демогогия ва тўҳматбофӣ дар ҳаққи кишвар машғул шуда, дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд.

Мардуми кишвар он ҳадафҳои нопокеро, ки ин ҳизб дорад, кайҳо хуб дарк намудаанд. Бинобар ин ҳеҷ гоҳ онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.

Шамил НАЗАРЗОДА,

сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh