ҶАВОНОН НАБОЯД БЕХАБАР БОШАНД!

Дар шароити имрўза рушду инкишоф ва пешрафти тамоми давлатҳо аз омилҳои зиёд ва гуногун, аз ҷумла захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон  ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар чунин ҳолат ҳар яки мо шаҳрвандон масъулияти азим ва рисолати  бузург дорем, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро махсусан ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Чи хеле, ки дар мақолаи омўзгори кафедраи «Қуръон ва ҳадис» -и ДИТ ба номи Имоми Аъзам, Каримов И.Р. қайд гардиааст «Мувофиқи маълумотҳои санҷидашудаи мақомоти давлатии Тоҷикистон, дар солҳои охир (аз солҳои 90-ум то имрӯз) ҳудуди 900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои берун аз кишвар, ки ба таври махфӣ мубаллиғони террористӣ омода менамояд, таҳсил кардаанд. Қисми асосии онҳоро фарзандони наҳзатиёни собиқ ташкил мекунанд, ки як қисмашон то ҳол таҳсил ва зиндагӣ доранд. Бо даъвати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз садҳо нафар аз донишгоҳҳои террористӣ баргардонида шудаанд, аммо маълумоти дақиқ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам ҳудуди 380 нафар тоҷикон дар марказҳои махсуси омоданамоии террористӣ таҳсил мекунанд.

Вобаста аз гуфтаҳои боло ва маълумотое, ки оварда шудаанд маълум мегардад, ки максади асосии донишгоҳҳои мазкур тайёр намудани террористону экстремистон бо роҳи мағзшўӣ ва тайёр намудани мубаллиғон мебошад.  Чи хеле қайд гардидааст дар ин донишгоҳҳои террористӣ ҷавонони тоҷик таҳсил намудаанд, ки бисёри аз онҳо фарзандони наҳзатиёни собиқ мебошанд ва ҳамагон гувоҳи он ҳастанд, ки наҳзатиёну фарзандони онҳо ба сулҳу субот ва оромии кишвар, ободиву фаровонии нозу неъматҳои ватани азизи мо хиёнат намудаанд ва ҳоло ҳам бархеи аз онҳо ба монанди Кабириву ҳаммаслакони ў аз давлатҳои аврупо истода, бо ҳаргуна роҳҳо оромии Тоҷикистони азизамонро халалдор намоянд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки бо умеди гирифтани маълумоти динӣ дар хориҷи кишвар ба доми мубаллиғони террористӣ, ки дини мубини Исломро ниқоб намуда, моро ба гумроҳӣ мебаранд наафтем. Ва аз шаритҳои мавҷуда истифода намуда, агар хоҳони гирифтани маълумоти динӣ бошем дар муассисаҳои дохилӣ кишвар соҳиб гардем.

Ҷовонони бо нангу номуси ватан, ҷавонони ояндасози миллат, ҷавонони ватандўсту ватанпараст имрўз бояд аз душманони миллату давлати худ бехабар набошад ва ҳаряки онҳоро шиносанд, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша чун имрўза пайравони Пешвои миллат бошанд.

Раҳмонов М.М.
– муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети
баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh