Одамӣ одам набинад аз куҷо одам шавад...

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,

Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Мардуми Тоҷикистон аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ба хубӣ огаҳӣ дорад. Хусусан, пинҳону ошкоро ва фитнагароёна амал намудани Шавкати Аштӣ ҳамагонро ба ҳайрат мегузорад. Ростӣ чун аз таърихи хиёнаткориҳои наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ огоҳем, ин ташкилоти террористӣ ва ҲНИТ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият ва амал мекунанд.

Маҳз чунин андешаву омоли разилона буд, ки Шавкати беномус бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардид.

Дар мадрасаи мутавасситаи исломии ноҳияи Ашт ба ҷавононе, ки то ба ин даргоҳ омадан аз илму мазҳаб, Қуръону ҳадис хабар надоштанд, ончунон таълим медод, ки дар дилашон ифротгароӣ ҷӯш мезад, давлати исломисозиро талқин мекард, тафаккури онҳо ба равияҳои ваҳҳобия ва ҷараёни салафӣ моил карда мешуд. Толибилмони мадраса ба мазорҳои Шаҳидону Зинга ворид шуда, гулҳои сунъии қабрҳоро чида оташ заданд, ки яке аз онҳо маҳз Шавкат буд. Ин амалро дар мазори деҳааш Хиштхона такрор кард. Касе чизе нагуфт.Шерак шуд. Ҳамроҳи ҳаммаслаконаш ба мазори деҳа рафта, санги қабреро шикаста партофт. Ин амали ӯ дар деҳа, ҷамоат, ноҳия вокуниши шадиде ба вуҷуд овард. Ва ӯ муддате нодида ором гирифт…

Баъд аз шунидани ин хислатҳои палиди Шавкат ҳар як соҳибватан дар канор буда наметавонад, зеро ин гуна ашхос метавонад бо рафтору кирдорҳои разилонаи худ ҷамъиятро доғдор месозад ва шаъну шарафи исми тоҷикро паст мекунад ва ҳатто ба сазовор будани исми инсон лоиқ нест. Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,

Зи рӯйи ақл рӯяш бефурӯғ аст.

Моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзатиён ва Шавкат барин ашхос зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки аз чунин тири хоҷагон ба Ватани маҳбубамон осебе расад.

Мирзо Каримбоев

Add comment


Security code
Refresh