Сенарияи навбатии Муҳиддин Кабирӣ

Дар тӯли солҳое, ки миллати тоҷик истиқлолиятро ба даст овардааст, ҳаёти мардуми тоҷик бисёр ҳам осоишта гашта, ранги дигар гирифтааст. Ҳамаи мардуми мо фахр аз сарвари хубу меҳрубон мекунанд, чунки ватан обод, сулҳу амони пойдор ва зиндагии осоишта доранд.

Вале имрӯзҳо бадхоҳони миллат, душманони давлати осоиштаи мо, хоинони миллат аз ҷумлаи Кабирӣ мехоҳад ин сарзамини биҳиштосои моро ба чанги душман бидиҳад.

Шукр аз Худованди муттаъол мекунем, ки ба мо сарвари дилсузу ғамхор, меҳрубону ватанпарвар ато фармудааст, то нагузорад бар миллату бар пояи давлати тоҷик роҳбари намояд. Кабирӣ мехоҳад давлату миллати тоҷикро сиёҳ намуда, бо дастгирии душманони хориҷӣ аз ҷумлаи хоҷагонаш, давлати соҳибистиқлол ва гулгулшукуфони моро ба хоку хун кашида, равияву мазҳабҳои дигарро барои мардуми тоҷик, ба сари мардум маҷбуран бор намоянд.

Воқеан ҳам Кабирӣ хоини лаънатии оқи миллат, оқи ватан, гумроҳу фирефтаи он душманону бадхоҳони миллати тоҷик гардида, Тоҷикистонро дубора ба ҷанг кашиданист. Вале ҳеҷ як нафаре намондааст, ки палид будани ӯро надонад.

Сарфи назар аз ин ва мавҷудияти фазои мусбати иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ҷомеа, аъмоли мухолифи фирорӣ Муҳиддин Кабирӣ ва навкаронаш аз қабили Салимпур, Садриддин Муҳаммадиқбол ва Шарофиддин Гадоев, ки мисли селаи зоғони сиёҳ фазои тарсу даҳшатафканиро шурӯъ ва мардумро ба сангарнишинӣ даъват менамоянд, маро ғамгин менамояд.

Паёми нахустини видеоии М. Кабириро, ки мушобеҳи суханронии Муссолинӣ ҷиҳати пуштибонӣ аз Гитлер мебошад, ба ёд биоваред, ки зимни он роҳбари ТТЭ ҲНИ ба сарнагун намудани ҳокимият дар Тоҷикистон даъват менамояд.

Суханони девонавори ӯро, ки ҳисси бадхоҳӣ нисбати кишвар ва халқи худ мебошанд бо диққат истимоъ намудам ва ба ҷои ибрози ҳамдардӣ ва суханҳои нек, вай хондани сафсатаи қаблан таҳиянамудаи “коршиносон” -ро, ки бо воқеияти мо ҳеҷ умумияте надоранд, шурӯъ намуд ва аз дидани ин саҳнаи худхоҳии вай фикре ба сарам омад, ки: “Ин марди бадсиришт, ки дар ошӯби мусаллаҳ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор ва кунҷи маҳбас ӯро бесаброна интизор аст, боз бешармона ба мо дастур медиҳад, ки чӣ кунем ва чӣ тавр бояд кунем, бо кӣ дӯстӣ кунем ва бо кӣ душманӣ варзем ва бар замми ин ҳама М. Кабирӣ худро ҳамчун намоядаи касби қадимтарин ҷилва медиҳад”. Ва чунин аъмолро ӯ замоне анҷом медиҳад, ки аз рӯи мантиқ ва ақли солим бояд забондарозӣ накунад ва пояшро ба андозаи кӯрпаи худаш дароз намояд.

Ҳама ин гапу калоча на дар кадом гӯшаи касногузари Африқо, балки дар Аврупо сурат мегирад. Ва ин ҳама на ба ҷамъияте, ки ҳоло дар он зиндагӣ мекунанд, балки мустаъқиман ба кишвар ва халқи мо дахл дорад. Ман дафъатан эҳсос намудам, ки читавр касе бидуни иҷозаи мо зӯран мехоҳад дарвозаамонро бишикофад ва ба хонаамон ворид шавад. Вале ӯ инро ба назар нагирифтааст, ки чун солҳои пешин дар ин ҷо ӯ метавонад боз гардан ё шонаҳои худро бишиканад. Бештар ва бадтар аз ин фикр кардам, ки Худое нахоста ягон каси содадил дар ҷомеаи мо ба ӯ бовар кунад. Худо накунад, ки чунин бошад ва тасвири рамзии оғози ҳодисоти фалокатбори навро дар кишварам ба назар овардам. Бо ақли солим ин муҳокимаронӣ дар зеҳни ман ҳамчун рӯзи равшан, бо дарки чизе, ки мо аз сар гузаронида будем ва чӣ чизе, ки метавонад боз сари мо биояд, зуҳур намуд.

Қудрати сиёсӣ дар кишваре пирӯз шуд, ки сарвари давлат, президенти нахустини он дар он замон ба худ иҷоза намедод, ки мустақилона дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҳайати худ иштирок намояд, зеро барои бо сӯзишворӣ пур кардани ҳавопаймо маблағи кофӣ набуд. Кӣ инро дар ёд надорад? Кӣ ҳолати хазинаи давлатиро, ки дар он рӯзҳо холӣ буд ва тамоми низоми молиявӣ то бунёди худ фалаҷ шуда буд, намедонад? Магар ҳамин тавр набуд?! Кӣ гуруснагиҳо ва сардиҳои солҳои 90-умро, марги ҳамватанони манро, ки 5-8 соат барои як буханкаи нон дар навбат меистоданд, дар ёд надорад.

Инҷо ҳар фарди солимақл, ба истиснои Кабирӣ, дарк мекунад, ки дар чунин як муддати кӯтоҳ таъсиси як давлати серу пур ғайри имкон аст, ҳол он ки Сарвари давлати мо дар ин самт кӯшиш ва аз тамоми имконоти мавҷуда истифода менамояд. Ба инфрасохтори таҷдидшудаи Тоҷикистон, иншооти обии бунёдшуда ва сохташаванда, ҳолати нақлиёт, шабакоти иртиботӣ, роҳҳо ва нақбҳо назар афканед. Шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини ободу шукуфонро бингаред. Равшан аст, ки ин ҳама хароҷоти молӣ ва сармоягузории ҳангуфтро, ки ҳисоби он ба миллиардҳо доллари ИМА мерасад, тақозо менамояд. Ва бояд комилан аблаҳ бошӣ, ки ин ҳама ва сатҳи баланди нуфузи байналмилалии кишварро инкор намоӣ.

Раҳмонова Н. Р. –
муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети 
“Инноватсия ва телекоммуниктсия”-и ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh