Терроризм зуҳуроти даҳшатноку нафратовар

Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст.

Имрӯзҳо терроризм бештар дар аксар мамоликҳои дунё мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гуруснагӣ, дуздиву ғоратгарӣ, бемориҳои сироятиву бесару сомонӣ ба вуҷуд оварда, ки он ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид намуда истодааст.

Терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст.

Терроризм ва экстремизм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гардид. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви комилҳуқуқи кишварҳои ҷаҳон нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарнок бетараф нест.

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Парвиз Сулаймонӣ

Add comment


Security code
Refresh