Ватанфурӯши ашаддӣ

Муҳиддин Кабирӣ дар давлати хориҷа нишаста аз Амрико ва Аврупо барои табаддуллоти давлатӣ дар Тоҷистон дархост намудааст. Мақсади асосии Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ ин ба сари ҳокимият омадан аст, барои онҳо фарқе надорад, ки  ин мақсад ҷони чандин ҳазор ё миллион нафарро қурбонӣ мекунад. Вале мардуми Тоқикистон гумроҳ нест ва ки чи кор карда истодааст барало мебинад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии сухан ва матбуот мавҷудаст, ки  воситаи мухими ташаккули афкори чамъиятӣ аз хосияти демократӣ мебошад.  Алхол дар мамлакати мо баробари матбуот ва нашрияхои давлати, инчунин, даҳҳо рузномаву мачаллаҳои хусусӣ, телевизион ва радиоҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Вақтҳои охир Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои амали намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷиашон ба таврӣ ошкоро ақидаҳои зиддимиллии худро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ расонаи карда истодаанд.

Барои чи Мухиддин Кабирӣ аз дур истода гапҳои ҳархела мегуяд ин хеле осон аст. Агар Мухиддин Кабирӣ хоҳиши беҳтар  намудани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷистон бошад  омада ба халқу ватанаш хизмат намояд ва гуфтаҳояшро дар ҳаминҷо тасдиқ намояд!

Амрико ва Аврупо, ки пуштибони хориҷии Кабирии  хоин ба ҳисоб мераванд дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши демократияро бо роҳи зулм ва бетартибиҳои оммавӣ ба роҳ монда, ҳамчун сармоягузорони терроризм ва экстремизм мебошанд. Кабирӣ ватанфурўш аз хотир фаромўш накун, ки Тоҷикистонро бо пуштибонии Амрикову Аврупо ҳеҷ гоҳ ба табаддулот оварда наметавонӣ. Зеро имрўз халқи тоҷик соҳиби давлату ваҳдат аст ва дар Конститутсияи худ қайд кардааст, ки хеҷ давлат ва шаҳраванди хориҷӣ ҳақ надорад ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон таъсири худро расонида бошад. Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои дунё принсипи бародарӣ ва дарҳои кушодро эълон кардааст, ки он метавонад муносибатҳои давлатиро бо принсипи ҳамкорӣ ба роҳ монда, ўҳдадории тарафҳо риоя карда шавад. Яъне сухани Кабирии хоин дар муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Амрикою Аврупо вуҷуд надорад ва ин шармандагии Кабирӣ ва мутаҳам шудани он дар бозиҳои сиёсӣ хоҳад буд.

Мардуми Тоҷикистон  ҳамеша муқобили ТТЭ ҲНИ ва Кабирӣ ҳаст, буд ва мемонад!

Норматова Ш.М. – н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh