Боғи бахил беҳосилу худаш ноком хоҳад буд!

Нафарони ифротгарои ҳизби наҳзати ислом чунон сиёҳдилу бадкинаанд, ки дастовардҳои хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлолро дида наметавонанду ба ҳар амалҳои давлатдорон беасос хӯрдагарӣ менамоянд. Хусусан, шиносоӣ бо ҳарзаҳои навбатии ин муртадон ҷиҳати муносибати байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон инсони соҳибидрокро ба ғазаб меоварад. Худбехабарони наҳзатии ифротӣбефарҳангиву беақлии худро бори дигар нишон дода ба ҷои он, ки ҳақ гӯянду роҳи мусолаҳаомезӣ ҷӯянд, ба дасисабозию бӯҳтонгӯӣ машғул шудаанд. Аз ваҷоҳату тобиши суханҳои Муҳиддин Кабириву думрави бешарафаш Муҳаммадиқболи Садриддин ҳувайдо буд, ки супориши қатъӣ аз хоҷагони аҷнабӣ гирифтаанду ҷонканиҳо барои ифшои ҳарфи хоҷагон бар ивази маблағ аст.

Бубинед чӣ қадар хашмгину озурда, асабонию заҳрчашида менамуданд, ки гӯё кадоме думи онҳоро пахш кардаву илоҷи халосӣ намеёбанд. Агар чунин бошад, бояд донанд, ки ҳар як тоҷикистонӣ аз наздикӣ ба онҳо ҳазар дораду думашон ба худашон насиб кунад!

Лаҳзаи сукути Муҳиддин Кабирӣ дар сабти видеоӣ исбот менамояд, ки ҳар сухани гуфтааш то ба кадом андоза мақбули хоҷагонаш шудааст, пайхас менамояду тобиши ҳарфро тағйир медиҳад худро зиёисимо вонамуд мекунад. Ҳатто аз завқи худ дар даҳонаш кафки мағзоба медамаду тез – тез бо рӯмолчае пок мекард, ки гувоҳӣ аз асаби ноором ва нияти мағзшӯии ӯ аст. Думравони чоплусаш бошад бешармона тамаллуқкорӣ ба Кабирӣ мекунад, зеро онҳо нафъе доранду интизори садақае аз Кабириву хоҷагонаш мебошанд. Вале, муртади баднафс бо иғвоангезӣ банд асту аз нафси ҳаммаслаконаш бехабар мондааст?! Ё намехоҳад маблағи омадаро тақсимот кунад?

Ҳайфи нафароне, ки думрави палиди маккору баднафс шудаанду роҳи гурез надоранд!?

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh