Ҷанги иттилоотӣ бо “фермаи ҷавоб”-и наҳзат

Мо, зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тақдири давлат бетараф набудем ва нестем. Мушкилоти зиндагӣ моро сабақ дод, ки бар ҳар дасиса, бӯҳтон, тӯҳмат ва дигар кирдорҳои сиёҳкунанда фирефта нашавем. Лекин, моро ҳамчун иҷрокунандаи фармоиши мақомоти давлатӣ ё шахсони алоҳидаи мансабдор ишора намудан ба ягон чорчубаи ҳақиқат, одоб – одамгарӣ рост намеояд.

Мусаллам аст, ки ҳоло ҷанги иттилоотӣ дар ҳолати авҷ қарор дорад. Дуруст аст мардумони шуури ҳуқуқиву маънавии нокифоя дошта дар ин набард мавқеи мустақил, асоснокро ҷонибдорӣ карда наметавонанд ва оқибат мумкин аст ба бӯҳтон фирефта шуда боварии ботинӣ ҳосил кунанд, ки кори ҳақро анҷом додаистодаанд.

Шумоён онҳое, ки аз берун истода фазои иттилоотиро бар манфиати худ бинобар беканор ва набудани масъулият дар ташвиқи ақидаҳои худ истифода мебаред, аён аст, ки кори созанда ва хубро иҷро намекунед, масалан, ташфиқоти шумо соф даъват ба тундравӣ ва бадбинӣ аст, оқибати ин ташвиқоти шумо низоъ вайронкорӣ баргаштан ба даврае, ки инсон, қадру қиммати вай ягон арзиш надошт. Ҳокимият ба дасти «зӯр» фаромада буду бетартиби меъёри муқаррарӣ буд. Сухан дар бораи солҳои 90 – ум меравад.

Моро «Фермаи ҷавоб» арзёбӣ кардаед агар ин ҳақ мебуд дар ҷомеа якдилӣ нисбати мубориза бар қувваҳои иртиҷопараст ва моҷароҷӯ дида намешуд. Ҳар ҳарфе, ки дар мақолаҳои танқидӣ ва вокунишҳо навишта мешавад сидқӣ буда танҳо барои ҳушдор намудани қувваҳои беруна равона мешавад, касе кӣ набошед Тоҷикистонӣ ҳастед ё аз кишвари беруна мардуми Тоҷикистони азизро ба гумроҳӣ, фиреб даъват накунед. Имрӯз мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии осоишта доранд ва ба ҳамин ҳамакаса шукргузорӣ доранд.

Албатта камбудӣ дар ҷомеа ҳаст. Имрӯз ҳамаи талаботи рӯзафзуни мардумро қонеъ кунонидан мушкил, лекин аз тарафи дигар нодида гузоштани саъю кушиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаҳои гуногун, ба иқтисодиёти саноативу аграрӣ гузаронидани кишварамон, сохтани хатҳои интиқоли барқ ба кишварҳои Осиёи ҷанубӣ далолати онро дорад, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон мебошад.

Воқеан, зиёиёни Тоҷикистон нисбати тақдири давлат бетараф набуда, тарафдори сулҳу оромӣ дар кишвар ҳастанд ва бар муқобили ҳамагуна гуруҳҳои ифротӣ вокуниш нишон медиҳанд.

И.СОЛИЕВ,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ
ва назорати прокурории Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh