Афкори бади худро ҳеҷ гоҳ дигар намекунанд
- Details
- Published on Thursday, 13 June 2024 08:47
Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собик ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо вирди забони хар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехохам фикрамро дар бораи азхоби сиёсӣ баён дошта бошам. Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собик ТТЭ ҲНИ бо рохбарии М.Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!
Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ карор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард. Мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа ва давлат мебошад. Вале онхо ношукрӣ аз сохибистиклолӣ ва тинчию оромӣ дар Точикистон карда, мехостанд, ки солхои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд. Агар нисбати М.Кабириӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ хамчун сохибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лахза модар-Ватани худро фурушад.
Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳочирони тоҷик суханронӣ намуда, мехохад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар хеч куҷо хор намешавад. Бехуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст». Агар шумо воқеан Тоҷикистонро азиз медошта бошеду ин дар сухан набошад, вақти он расидааст, ки аз даъво ба амал гузаред. Ба амали солеҳ. Дар пайи татбиқи барнома ва стратегияҳои рушди миллӣ кӯшиш намоед. Нагуед, ки давлат барои мо чӣ кор кард. Аз худ бипурсед, ки барои Тоҷикистон чӣ кор кардед!
Илова бар ин ба ҷаноби Кабирӣ гуфтаниям, ки ба мусулмонии шаҳрвандони Тоҷикистон агар шубҳа мекарда бошед, пас хуб мешуд, ки аз худ сар кунед. Шумо ҳуқуқи таҳдид кардани моро надоред. Дар ин суханронӣ парда аз рӯи Шумо бадар шуд, халқ бори дигар ки будани шуморо фаҳмид. Шумо аз чӣ сабр кардед ва кадом марҳилаи навро интизоред? Мумкин аст Шумо аз соҳиб нашудан ба ягон манфиатҳои ҳизбиатон аз ягон амал худдорӣ карда истодаед? Дониста бошед манфиат ин ягона манфиати халқ ва он сарчашмаи ҳокимият аст!
М.РАУФОВ,
ассистенти кафедраи назария ва таърихи
давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон