Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар аст, вале

Аз қадимулайём гуфторе ҳаст, ки “Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар аст”. Мавзӯи ҳамсоядорӣ аз мавзӯъҳоест, ки дар Шарқ ҳама вақт дар зиндагии мардум  мавқеи калидӣ дошт ва дар пешрафту ободии ҳар маҳаллу хиёбону шаҳре  саҳми бориз мегузошт.

Рафоқату эҳсоси масъулияти ҳамсояи вафодор ба андозае дар ҷараёни зиндагии мардуми мо нақш дошт, ки дар ҳама маврид- ҷашну сур, хонасозӣ ва мотам гирди ҳам омада, масъулияти ин ва ё он корро бар дӯши яке аз ҳамсояҳо вогузор менамуданд. Ин анъана то ба замони мо омада расидааст ва мардуми тоҷик халқи меҳмондӯсту ҳамсояпарвар аст. Вале баъзе  нафароне пайдо мешаванд, ки дорои ин гуна хислатҳо нестанд. Дар замонҳои пеш мардуми қирғизу тоҷик бо ҳам дӯсту тифоқ буданд, муносибати хешутаборӣ доштанд рафту омад, доду гирифт мекарданд, дуҷониба савдо мекарданд, шерикона ҳосил мекоштанд.

Вале воқеаҳое, ки рузҳои охир байни сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон рух дода истодаанд ҳамагонро ба ташвиш овардааст.  Мо, тоҷикон тоҷикон мардуми сулҳхоҳ ҳастем ва Ворух ин як ҷузъи хоки Тоҷикистон аст ва ба касе дода ё иваз карда намешавад ва мо намегузорем, порае аз хоки моро дигарон соҳиб шаванд. Бояд сокинони минтақаҳои назди марзӣ донанд, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд. Вақте, ки кор бо гуфтушунид дар фазои орому осоишта ҳал мешавад ҷанҷолу муноқиша чӣ лозим? Аз рафти кор ин боз иғвокориҳои Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки аз берун истода мардумро ба таҳлука андохта истодаанд.

Биоишаи Назар,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh