Рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои некӣ зарур аст

Солиёни зиёд тоҷикону қирғизҳо дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, ба якдигар кўмаку ёри мекарданд, ки ин боиси устувор шудани равобити дўсти дар миёна ду халқ буд.

Аммо дар натиҷаи иғво дар масъалаи об моҷаро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ки дар натиҷа вазъият дар марзи тоҷику қирғиз боз муташаннич гардид. Дар даргириҳои ин рӯзҳо аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд. Тарафҳо вазъиятро ба зудӣ ба эътидол оварданд.

Таърихи башарият гувоҳи он аст миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, киҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд ин ҷароҳат ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеч қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашидааст. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирифт.

Усанов Р.Т.,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh