Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр...

Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ормонҳои аслии мардуми адолатхоҳу соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб мешавад. Аммо ин нияти неку ормони аслии мардуми моро бархе аз хоинону ҳасудон чашми дидан надоранд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷониби кишвари азизу маҳбуби мо сангандозӣ мекунанд, бехабар аз он ки мардум дигар ба ҳарзаву буҳтонҳои бардурӯғи онҳо бовар намекунанд.

Қобил ба зикр аст, ки мақомотҳои қудратии Тоҷикистон бо роҳандозии тадбирҳои фаврӣ ва судманд ниқоб аз рӯйи хоинон бардоштанд ва симои манфуру ботини сиёҳи онҳоро баръало ошкор сохтанд. Дар ин самт намоиши силсилафилми “Хиёнат” нақши калидӣ ва муҳим дорад.

Дар қисмати охири филми мустанади “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш дода шуд, бори дигар симои манфур ва разилонаи роҳбарон ва мубаллиғони гурӯҳи ТТЭ ҲНИ ва амалҳои баду ниятҳои нопоки онҳоро ошкор гардид.

Вақте ки қисми ба Муҳаммадиқболи Садриддин таҳияшудаи ин филми мустанадро тамошо кардам, ба ин инсоне, ки худро мусалмони асил ва ҷонибдори асосии ислому шариат медонаду чӣ қадар хилофи оинҳои асосии ин дини мубин рафтор мекунад нафрат пайдо намудам.

Хушбахтона, мардуми шарифи азизи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар зери осмони сулҳу ваҳдат зиндагӣ мекунанд, дигар ба дурӯғ ва сафсатаҳои мубаллиғони гурӯҳи ТТЭ ҲНИ бовар намекунанд ва баҳри ободӣ ва шукуфоии кишвари азизу маҳбубамон –Тоҷикистон саъю талош мекунанд.

М.СОБИРОВА,

муовини аввали директор, омӯзгори фанни забон ва

адабиёти тоҷики МДТ “Литсей барои хонандагони

болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh